Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдорону мухолифони таъсиси телевизиони Вазорати маориф


Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон
Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон

Эҳтимолан то Иди Наврӯз дар Тоҷикистон радио ва телевизиони Вазорати маорифи Тоҷикистон ба кор дарояд.

Ба гуфтаи Маҳмуд Шоев, сухангӯи Вазорати маорифи Тоҷикистон, ҳоло санадҳои лозим таҳия мешаванд, ки имкон хоҳанд дод, то литсензия ё иҷозатномаи фаъолияти шабакаҳо ҳар чӣ зудтар дастрас гардад. Вай пинҳон надошт, ки Вазорати маорифи Тоҷикистон аз бозтоби фаъолияти он дар расонаҳои мавҷудаи ахбори ом қонеъ нест.

Коршиносони умури иттилои ом иқрор мекунанд, ки дар чанд соли охир дар бораи риштаи маориф асосан маълумоти манфӣ ба нашр мерасад, вале онҳо мегӯянд, чунин бозтоб аз вазъи соҳа маншаъ мегирад. Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон низ борҳо Вазорати маорифро дар ҷумлаи фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ номбар кардааст.

Ин аст, ки бисёриҳо ҳадс мезананд, Вазорати маорифи Тоҷикистон мехоҳад, аз тариқи роҳандозии шабакаҳои таблиғотӣ имиҷи худро дар миёни ҷомеа ҳифз ва дастовардҳои соҳаро бештар ташвиқ кунад. Илҳомҷон Ҳамидов, муҳаққиқи ҷавони соҳаи радио ва телевизион, мегӯяд, бо он ки барои Тоҷикистон таҷрибаи нав аст, ин иқдом ҳатман ба боло рафтани имиҷи Вазорати маориф беасар нахоҳад буд. "Ҷониби дигари масъала ин аст, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ соҳаҳои баҳснок ҳастанд ва мушкилоти хеле зиёди ҳалношуда доранд. Пас, ҳамин радио ва телевизион аз кадом ҳисоб боз мегарданд? Барои як вазорати Тоҷикистон ифтитоҳи телевизион ва радио маблағи ниҳоят калонро талаб мекунад",-гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Қироншоҳ Шарифзода
Қироншоҳ Шарифзода
Аммо иддаи дигари соҳибназарон мухолиф ба ташкили шабакаҳои алоҳидаи радио ва телевизион дар соҳаи маорифанд. Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари созмони иҷтимоии "Журналист", ин иқдомро зарурӣ намеҳисобад. Зеро ба иддаои ӯ, радио ва телевизиони давлатии Тоҷикистон сиёсати давлатро дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла маориф бозтоб медиҳанд, пас, ниёзе ба такрори он ҳама нест: "Агар мақсад аз таъсиси радиову шабакаи телевизионии худӣ барои тарғиби дастовардҳои соҳа ё мусоидат намудан барои ҳалли масъалаҳои соҳа бошад, фикр мекунам, бе таъсис додани шабакаи алоҳидаи худӣ, аз имкониятҳои васеи шабакаҳои давлатии телевизион метавон ба таври васеъ ва бемушкил истифода бурд."

Иқдоми вазорати маориф барои роҳандозии шабакаҳои радио ва телевизион дар ҳолест, ки бархе аз омӯзгорони мактабҳо дар Тоҷикистонро поин будани маош нигарон кардааст ва онҳо дар ғами беҳбуди рӯзгори худанд, на ин ки дар фикри радио ва телевизиони соҳа. Ислом Саидов, яке аз омӯзгорони мактаб, афзуд, "ҳоло масъалаи зарурӣ он аст, ки омӯзгоронро бо маоши хуб таъмин кунем. Дар бозор рӯз то рӯз нарх гаронтар мешавад. Омӯзгорон аз касби худ бо сабаби камии моаш даст кашида истодаанд. Мо бояд аввал омӯзгоронро дилгарм кунем ва баъд қадами ояндаи мо ташкили радио ва телевизион бошад."

Ин дар ҳолест, ки ба сабаби кам будани маоши омӯзгорон, бештари онҳо мактабро тарк карда ва роҳ сӯи муҳоҷират гирифтаанд. Кадрҳои ҷавон низ ба сабаби мушкилоти мавҷуд зиёд алоқаманд нестанд, ки аз рӯи ихтисоси худ фаъолият кунанд.

Зимнан, тибқи гузоришҳои расмӣ ҳоло дар мактабҳои Тоҷикистон ҳудуди ҳазор омӯзгор намерасад. Аммо куллан дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон беш аз 93 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунанд, ки маоши миёнаи онҳо беш аз 500 сомониро ташкил медиҳад. Бархе аз онҳо мегӯянд, агар Вазорати маорифи Тоҷикистон сармояи иловагӣ дорад, бояд ба ҳалли масъалаҳои таъхирнопазир пардозад ва беҳбуди вазъи соҳа худ ба худ ба нашри иттилои мусбат мусоидат хоҳад кард.

Гузориши Фирдавси Низом
XS
SM
MD
LG