Вакили мудофеъ Гулчеҳра Холматова аз Додситонии кул тақозо кардааст, ки парвандаи марги Сафаралӣ Сангов, як сокини пойтахт, дигарбора бозрасӣ ва муттаҳамони қазия бо моддаҳои "ҷиддитар" маҳкум шаванд.
Вай ин масъаларо дар ҳоле матраҳ карда, ки як ҳафта қабл Додгоҳи Душанбе ду корманди собиқи шӯъбаи умури дохилии Сино-2 -- Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасановро, ки бо ҷурми хунукназарӣ дар марги Сафаралӣ Сангов муттаҳам шуда буданд, бар асоси Қонуни афв аз маҳбас раҳо кардааст.
Вакили мудофеи парвандаи марги Сафаралӣ Сангов, рӯзи ҷумъаи 19-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз ин ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе норозиянд ва аз ин рӯ ба Додситонии кул шикоят кардаанд. Аммо ӯ мегӯяд, аз замони муроҷиати онҳо як ҳафта мегузарад, дар ҳоле ки ин ниҳод бояд дар тӯли се рӯз посух медод.
Гулчеҳра Холматова мегӯяд, онҳо ҳамчунин аз моддаҳое, ки додгоҳ ин ду маъмури пулисро айбдор карда, баъдан афв кард, норозиянд. "Онҳоро мебоист на ба моддаи 322, балки бо моддаи 316, яъне "баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ" муҷозот мекарданд. Зеро агар онҳо мувофиқи аъмоли худ, яъне бо сӯиистифода аз вазифа, ки Сафаралӣ Санговро латту куб карданд, ҷазо мегирифтанд ва аз 5 то 10 сол маҳкум мешуданд ва афв намешуданд",-мегӯяд Холматова.
Вай меафзод, аз ин рӯ онҳо пешниҳод доранд, ки ин парванда аз нав дида шавад ва мувофиқи аъмоле, ки кормандони пулис ба Сафаралӣ Рангов раво дидаанд, ба ҷазо кашида шаванд.
Сафаралӣ Сангов дар моҳи феврали соли гузашта пас аз бозгашт аз Русия, бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба таври хушунатбор боздошт шуд. Баъди он ба Идораи корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри интиқол ёфт ва худи ҳамон рӯз баъди чанд соат бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона оварда шуд.
Ӯ пас аз чаҳор рӯзи бистарӣ будан дар беморхона, дунёро падруд гуфт. Парвандаи Сафаралӣ Сангов аз пурсарусадотарин ҳодисаи марги як сокини шаҳри Душанбе дар соли 2011 буд.
Ин парванда чанд маротиба аз як додгоҳ ба додгоҳи дигар мегузашт ва ниҳоят Додгоҳи шаҳри Душанбе кормандони милисаи шуъбаи Сино 1 Абдураҳмон Яқубов ва Қодир Ҳасановро бо ҷурми хунукназарӣ тибқи моддаи 322 айбдор кард, ки дар ҳамон вақт вакили мудофеъ ва пайвандони Сафаралӣ Сангов норозигӣ карда буданд ва ин ҳукмро ноодилона хонда буданд.