Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Парвандаи марги Сангов дар тарозуи Додгоҳи олӣ


Парвандаи марбут ба марги Сафаралӣ Сангов акнун ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шудааст.

Таҳқиқи пешакии парвандаи марбут ба марги Сангов тавассути додситонии шаҳри Душанбе анҷом шуда буд. Натиҷаи таҳқиқ ин аст, ки "гӯиё Сафаралӣ Сангов аз хунукназарии кормандони пулис истифода намуда, худро сарозер афкандааст". Бар асоси қонуни ҷиноӣ, банди "хунукназарӣ" муҷозоти сабукеро дар назар дорад.

Аммо масъулони додгоҳи ноҳияи Сино, ки қаблан баррасии парвандаи марги Сангов дар он ҷо идома дошт, ба иддаои додситонии шаҳри Душанбе розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, "Сафаралӣ Сангов аз бемасъулиятӣ ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматии кормандони пулис ба марг расидааст". Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои "бемасъулиятӣ" ё баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ беш аз 5 соли зиндон муқаррар шудааст.

Маҳз ҳамин амр сабаб шудааст, ки ба гуфтаи Сулаймон Қосимов, додраси додгоҳи ноҳияи Сино, онҳо ба Додситонии кулли Тоҷикистон эътироз баранд, то ин парванда аз нав таҳқиқ шавад. Вай гуфт, "парвандаро барои идомаи тафтишоти иловагӣ баргардондем, аммо ҳоло дар чӣ вазъ аст, хабар надорем. Ваколате, ки дар мо буд, анҷом додем, дигар ягон қарор қабул карда наметавонем."

Алпомиш Акбаров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон хабари ба дасти онҳо расидани парвандаи марбут ба марги Сафаралӣ Санговро таъйид кард ва гуфт, рӯзҳои наздик сарнавишти он рӯшан хоҳад шуд.

Сарвиноз Сангова
Сарвиноз Сангова
Аммо Сарвиноз Сангова, ҳамсари марҳум Сафаралӣ Сангов мегӯяд, дар бораи ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шудани парвандаи марбут ба марги шавҳараш хабаре надорад. Хонум Сангова гуфт, "вақте ман ба назди раиси Додгоҳи олӣ даромадам, гуфтам, ки шавҳарамро ба ҳангоми боздошт куштанд. Ӯ гуфт, хабар надорад. Баъд мавзӯъро ҷиддӣ гирифт. Саволи дигарам ин буд, ки ман дар бораи дар куҷо будани парванда хабар надорам. Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ки шумо ҳуқуқ доред ва парванда ҳар куҷое ҳаст, бояд шуморо огоҳ кунанд."

Ин дар ҳолест, ки Гулчеҳра Холматова, вакили дифои ин парванда аз Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон бар ин назар аст, ки парванда дар марҳилаи сарнавиштсоз, яъне тарозуи адли Додгоҳи олӣ қарор дорад. Ӯ мегӯяд, дар сурати пуштибонии Додгоҳи олӣ аз эътирози додгоҳи ноҳияи Сино парванда дубора барои таҳқиқи иловагӣ ва он ҳам ба додгоҳи Сино бармегардад.

Баррасии парвандаи марги Сангов тавассути Кумитаи ҳуқуқи башари СММ зери назорат қарор дорад ва аз натиҷаи ҳар як мурофиа ба ин ниҳод гузориш пешниҳод мешавад.

Дар зимн, Сафаралӣ Сангов, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 1-уми марти соли гузашта аз сӯи маъмурони милисаи ноҳияи Сино боздошт шуда, баъди 4 рӯз бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон даргузашт.
XS
SM
MD
LG