Иштибоҳи табиб боис шудааст, то дасти як афсари нерӯҳои марзбонӣ аз китф ҷудо гардад. Ин афсари нерӯҳои марзбонӣ бо номи Абрӯз Носиров ҳангоми хидмат дар ноҳияи Шӯрообод афтида, дасташ мешиканад. Ба гуфтаи мақомот, бо сабаби хунукназарии пизишке дасташ сиҳат намеёбад ва ахиран дар Душанбе маҷбур мешаванд, дасти ӯро аз китф бибуранд.
Додгоҳи ҳарбии Тоҷикистон Саид Раҳимов, сардори Беморхонаи ҳарбии қушунҳои сарҳадӣ дар минтақаи Кӯлобро барои хунукназарӣ дар табобати ин бемор бо моддаи 392, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "муносибати беэҳтиётона, ки боиси расонидани зарар ба миқдори калон мегардад", ду сол ҷазои шартӣ ва "маҳрум кардан аз хизмати давлатӣ ба мӯҳлати панҷ сол" ҷазо додааст.
Тайи чанд соли охир аввалин бор аст, ки як пизишк барои иштибоҳ ё хунукназариаш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Аммо иштибоҳу хунукназарии пизишкон дар беморхонаҳои Кӯлоб кори нав нест.
Шаҳриёрро "бемори модарзоди дил" гуфтанд, аммо…
Шаҳриёр Алимӣ, ҷавони 16-солаи маҳаллиро низ пизишкони ин шаҳр чанд сол пеш ҳангоми муоина "бемори модарзоди дил" гуфта, барои ҷарроҳӣ дар хориҷи кишвар тавсия медиҳанд. Аммо ӯ мегӯяд, ин ташхиси пизишкони маҳаллӣ дар Душанбе комилан нодуруст баромада ва маълум шуд, ки ӯ солим аст ва "бемории дил" надорад: "Зуд-зуд сарам дард мекард ва хобам мебурд. Вақте муроҷиат кардем, гуфтанд, касали дил дорам. Ҳамаи хонавода зиқ шуданд, вале Шукри Худо дар Душабе фаҳмиданд, ки бемориям аз ҳисоби дил нест. Ҳоло бо гузашти 4 сол ҳеҷ ҷоям дард намекунад."
Сабаби иштибоҳ ё хунукназарии пизишкон дар чист?
Падари ин ҷавон, Ҷумъахон Алимӣ, доктори илмҳои филологӣ ва раҳбари Маркази дифои ҳуқуқии "Паралакс", мегӯяд, дар ин ҳодиса ӯ пизишконро бахшид, зеро айб дар онҳо не, балки дар дастгоҳҳои кӯҳнаву фарсудаашон будааст. Аммо ӯ мегӯяд, ба наздикӣ дасти ҳамсараш низ каме зарб хӯрд ва боз пизишкон дасти ӯро ташхиси нодуруст гузошта, ҳамчун дасти шикаста бастанд, ки агар ба дигар беморхона муроҷиат намекард, шояд даст ба ҷои сиҳат ёфтан, бештар маъюб мегардид.
Ҷаноби Алимӣ мегӯяд, ин ва чандин ҳодисаҳои дигари рӯйдода дар беморхонаҳои Кӯлоб боис шуд, то дар ин мавзӯъ таҳқиқ гузаронад ва онро ба таваҷҷӯҳи Вазорати тандурустӣ бирасонад:
"Ба чунин хулоса омадам, ки дар кору фаъолияти табибони шаҳру навоҳӣ иштибоҳу нуқс зиёд аст. Сабаби аввал дар бисёр ҳолат ба дастгоҳҳои кӯҳнаву фарсудае, ки аз замони Шӯравӣ боқӣ мондааст, марбут аст. Аз сӯи дигар аксари табибон курсҳои воқеии тахассусӣ намегузаранд. Бубинед, ҳарчанд, хатоҳо аз ҷониби онҳо зиёд мушоҳида шавад ҳам, аммо ҳангоми аттестатсияи тобистони имсол, ягон табиб барои камбудӣ дар кораш ҷазо нагирифт ва ҳам касеро барои ислоҳи иштибоҳҳо огоҳӣ надоданд."
"Пизишконро ба суд медиҳем"
Дар ҳамин ҳол, Саидҷафари Ашӯралӣ, як ҷавони дигар, мегӯяд, тасмим доранд, то аз болои пизишкон ба додгоҳ шикоят баранд, зеро ба гуфтаи ӯ, бо иштибоҳи онҳо дасти модараш каҷ гардидааст. Ин ҷавон мегӯяд, ҳангоми шикастани дасти модараш зуд ба пизишкон муроҷиат кард, вале пизишкон пас аз ташхис ду ҷои дасти шикастаро бастаанд, вале як ҷои онро гӯё «фаромӯш» кардаанд: "Дасти модарамро бастанд, вале ба ҷои сиҳат шудан, дидем якбора нохуб мешавад. Бурдем ва дар ҷои дигар аз сар рентген кардем, ки ҷои асосиро набастаанд. Гуфтанд, биёред, бо нархи арзон аз сар ҷарроҳӣ мекунем, вале дар синну соли модарам, ҷарроҳӣ намешавад ва ҳамин тавр ҳоло дасти модарам каҷ шудаасту дард мекунад."
"Гузашти сокинон табибонро бепарвотар кардааст"
Аммо Ҷумъахон Алимӣ мегӯяд, чунин иштибоҳи пизишконро бештари сокинон аз амри тақдир дида, ба ҷое шикоят намекунанд. Ӯ мегӯяд, шояд шикоят набурдани сокинон аст, ки пизишкон рӯз то рӯз бепарво мегарданд. Дар ҳамин ҳол, як масъули соҳаи тандурустӣ, ки зикри номашро муҳим надонист, гуфт, на ҳама иддаои сокинон дар мавриди иштибоҳи табибон дуруст аст. Ба гуфтаи ӯ, сокинони одӣ аз нозукиҳои касби пизишкӣ огаҳӣ надоранд ва барои ҳамин аксар вақт беҳуда табибонро гунаҳкор медонанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки барои аввалин бор як пизишки ҳарбиро барои иштибоҳ ва хунукназариаш дар табобати бемор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашанд. Дар дигар беморхонаҳо ҳарчанд, пизишкон бо ҷурми гирифтани ришва ба даст афтода бошанд ҳам, то ҳол нафаре аз онҳо барои чунин иштибоҳ расман ҷавобгар нашудааст.