Бесуботӣ дар бозори пули миллии Эрон, боиси таъхир дар парвозҳои ширкати "Тоҷикайр" ба Теҳрон шудааст .
Музаффар Исҳоқов, раиси ширкати Тоҷикэйр рӯзи 12-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки фардо рӯзи 13-уми октябр парвози хатти сайри Душанбе -Теҳрон имкон дорад имкон сурат нагирад. Ин 124 нафар шаҳрвандони Тоҷикитону Эрон ва кишварҳои дигар билетҳои худро харидаанд ва мунтазири парвози рӯзи шанбе ҳастанд.
Аммо тавре Музаффар Исҳоқов, раиси ширкати «Тоҷикэйр» изҳор дошт, то замони ҳалли мушкили арзи миллии Эрон, парвозҳо ба самти Теҳрон боздошта мешаванд. Аммо дар ҳоли ҳозир ба қавли ҷаноби Исҳоқов, ҳанӯз тасмими ниҳоӣ дар мавриди мутавақиф кардани парвозҳо, гирифта нашудааст.
Мақомоти ширкати «Тоҷикайр» мегӯянд, ки дар сурати лағви парвоз, пули билетҳои мусофирон баргардонида хоҳад шуд. Бинобар пеш омадани вазъи мавҷуд дар Эрон, ба қавли Музаффар Исҳоқов чанд кишвари дигар низ парвозҳои худ ба Теҳронро боздоштаанд. Аз ҷумла ширкати ҳавопаймоии Малайзия мавсум ба «Air Asia» ва ширкати бритониёии "BMI" парвозҳои худро ба самти Теҳрон мутаваққиф кардаанд.
Бар асоси гузоришҳо аз бозори арзи Теҳрон, дар авоили моҳи октябр соли ҷорӣ қимати фурӯши ҳар доллар ба 3550 туман расид. Ин дар ҳолест, ки дар охирҳои соли гузашта ҳар доллари амрикоӣ дар бозори арзи Эрон 1300 туман фурӯхта мешуд ва ин рақам дар январи соли 2011-ум ҳудуди 1040 туман буд.