Фаридун Маҳмадалиев, сардори Дафтари матбуоти вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 10 октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз пахши изҳороти созмони «Ампаро», масъалаи тарҳи қонуни “Мақоми низомиёни Тоҷикистон”-ро мавриди омӯзиш қарор доданд ва маълум кардаанд, ки ҳанӯз ин масъала дар сатҳи пешнавис қарор дошта, аз тарафи вазорати молия ба ҳамаи ниҳодҳои қудратӣ пешкаш шудааст.
Фаридун Маҳмадалиев мегӯяд, ки вазорати дифоъ ба пешниҳоди вазорати молия розӣ буда наметавонад ва ҳоло дар пайи таҳияи пешниҳодоти дигар дар баробари ин тарҳ мебошад. Ба қавли Фаридун Маҳмадалиев, дар шароите, ки минтақа дар баробари таҳдиди терроризми байналмилалӣ ва тундгароиву ҷиноятҳои фаромиллӣ қарор дорад, артиш дар амри мубориза бояд ҳамеша омода ва тавонманд бошад, ки таъмини молӣ нақши муҳим мебозад.
Созмони «Ампаро» бо пахши як баёнияи матбуотӣ, ки 9-уми октябр интишор шуд, изҳор дошт, ки ислоҳи қонуни «Мақоми низомиёни Тоҷикистон» ба шароити молии низомиён таъсир гузоштааст.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар авоили моҳи августи соли равон моддаи 16-и Қонуни “Мақоми низомиёни Тоҷикистон” ислоҳ кард, ки ҳаҷм, кӯмакпулӣ ва дигар имтиёзҳои сарбозону афсарони артиш кам карда шуд.
Тавре созмони "Ампаро" баён доштааст, агар дар матни пешини ин қонун дар сурати ба ҳалокат расидани сарбоз ҳангоми хизмат, ҳаҷми 80 маош ба хонаводаи ӯ пардохта мешуд, акнун тибқи тарҳи нав, ҳаҷми кӯмакпулӣ ба андозаи 8 маош коҳиш ёфтааст.
Анҷумани ҳуқуқдонҳои ҷавони “Ампаро” изҳор медорад, ки низомиён аслан аз ҳисоби давлат таъмин мешаванд ва коҳиш ёфтани имтиёзҳои иҷтимоии онҳо, ба зиндагии сарбозон таъсири манфӣ мерасонад, ки ин мустақиман ба ҷараёни адои хидмат дар сафҳои артиш таъсир хоҳад гузошт.
Созмони «Ампаро» барои ҳимоят аз ҳуқуқи даъватшавандаҳо ба сафи артиш ва хидматчиёни ҳарбӣ таъсис шуда, ҳамасола дар ин самт пажӯҳишҳо мебарад ва қонуншиканиҳоро дар ин бахш ошкор мекунад. Ин созмон аз соли 2005 ба ин тараф дар Тоҷикистон фаъолият дорад.