Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амон Абдуллоев, соҳибкори маъруф, "сафед" шуд


Амон Абдуллоев, соҳибкори маъруфи тоҷик, пас аз ду соли талошҳо аз сӯи додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов "сафед" гардидааст.

Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳибкори маъруфи суғдӣ, Амон Абдуллоевро, ки барои азхудкунии амволи корхонаи “Заря Востока”-и шаҳри Истиқлол (Табошари собиқ) айбдор шуда буд, сафед кард.

Ду сол пеш додгоҳи шаҳри Табошар Амон Абдуллоев ва се мақоми корхонаи "Заря Востока"-ро дар "тасарруфи гурӯҳии амволи корхона" ва "таҳияи асноди қалбакӣ" муҷрим шинохта, аммо бар асоси Қонуни афв озод карда буд.

Боирҷон Зоиров, додраси додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зимни бозбинии шикояти кассатсионии Амон Абдуллоев, ки дар музоядаи корхонаи “Заря Востока” иштирок кардаву амволи онро бо пардохти арзиши онҳо харидааст, "аломатҳои ҷиноят"-ро надидааст.

Аммо ба гуфтаи ӯ, ин навбат низ се мансабдори “Заря Востока” тибқи ду банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “аз худ кардан ё исрофкорӣ” ва “сохтакории хидматӣ” гунаҳкор дониста шуда, ҳар кадоме ба пардохти ҷарима ба маблағи 300 маоши ҳадди ақал муваззаф шудаанд. "Вале онҳо бо татбиқи Қонуни афв аз адои он халос шуданд",-афзуд ӯ.

Амон Абдуллоев, ки ҳамакнун "сафед" шудааст, соли 2010 барои аз худ намудани 66 навъи амволи аслӣ ва 38 намуд амволи камарзиши корхонаи “Заря Востока”, ҳангоми хусусигардонии анбори маводи сӯхти корхонаи мазкур, ба маблағи 38 ҳазор сомонӣ гунаҳкор эълон шуда буд. Вале дар ҷараёни мурофиа ташхиси такрорӣ арзиши он амволро то 3 ҳазору 800 сомонӣ поин бурд.

Як вакили мудофеъ мегӯяд, ин нахустин ҳукми сафедкунандаи додгоҳ дар вилояти Суғд дар чанд соли охир аст. Афроди наздик ба парвандаи Амон Абдуллоев гуфтанд, барои ба даст овардани ин пирӯзӣ онҳо ду сол мубориза кардаанд.

Зеро ба гуфтаи онҳо, Амон Абдуллоев дар замони боз шудани парванда як соҳибкори муваффақ ва шинохта буд ва наметавонист барои 3-4 ҳазор сомонӣ обрӯи худро зери хатар гузорад.

Амон Абдуллоев, аз соҳибкорони муваффақ дар вилояти Суғд аст, ки яке аз 4 пули бузург бар болои рӯди Сирро бо маблағи худ бунёд кардааст ва он миёни сокинон бо номи “Пули Амон” маъруф аст. Ҳамчунин, маҷмааи чойхонаву ошхонаҳои канори он пул ва меҳмонхонаи 9-ошёнаи “Эҳсон” дар маркази Хуҷанд аз дороиҳои ҷаноби Абдуллоев баршумурда мешавад.
XS
SM
MD
LG