Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, коршинос дар умури дин гуфт, ҳукмронии тафаккури материалистӣ ва худоношиносӣ дар замони Шӯравӣ иллати аслии аз Мавлавӣ дур гаштани ҷомиаи Тоҷикистон будааст.
"Ин беҳтарин ғизои маънавӣ барои мардуми мо буд ва шояд ба ин сабаб, ки дар замони шӯравӣ кӯшиш мекарданд, асли осори Мавлоноро аз мо пинҳон доранд. Даҳ сол дар мактаб меходнем, вале аз Мавлоно дар ин мактаб чизе намешунидем. Дуруст аст, ки баъзе маҳфилҳои махфии Мавлавихонӣ вуҷуд доштаанд, вале ман дар ин бора фақат шунидаам, аммо ҳузури ин маҳфилҳоро надидаам ва эҳсос ҳам накардаам. Хуб мешуд, агар дар оинаи нилгун намоишҳое пахш мешуд дар бораи Мавлоно ва осору андешаи ӯ. Муттассифона, дар Аврупову Амрико Мавлавиро беҳтар мешиносанд, то дар миёни мардуми мо."
Оқои Тӯраҷонзода афзуд, дар замони истиқлолият то ба ҳол кӯшише ба назар намерасад, ки ҷомиаи Тоҷикистон бо андешаҳои Мавлоно ошно шавад ва ба назар мерасад, ҳанӯз дар сатҳҳои баланд огоҳиҳо аз андешаҳои сиёсатсози ин мутафаккири бузург кофӣ нестанд. Оқои Тӯраҷонзода гуфт, агарчи дар минбарҳои масоҷиди кишвар ашъори Ҷалолиддини Балхӣ таҳлилу тафсир мешаванд, аммо асари он дар ахлоқи мардум дида намешавад. Вай афзуд, истифодаи фаровон аз осор ва андешаи Мавлавии Рум на танҳо дар сатҳи адабиёту дин, балки дар сатҳи фарҳанги сиёсии мардум як барномае бояд бошад, ки дар сатҳи ҳукумат тарҳрезӣ шавад.
Қаблан то замони Шӯравӣ дар ҳудудҳои имрӯзаи Тоҷикистон маҳофили мавлавихонӣ барпо мешуданд. Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, то ба ҳол ҳамин гуна маҳофилро надидааст ва аз мавҷудияти онҳо нашунидааст. Хонум Гулрухсор, шоираи маъруфи тоҷик мегӯяд, Мавлоно ба ватанаш Тоҷикистон дер омад, аммо ӯро хеле мунтазир буданд. Хонум Гулрухсор аз ибтидои солҳои 90 ва нашри аввалини Маснавии маънавии Мавлавӣ дар маҷаллаи Фарҳанг, ки ӯ сардабираш буд ёд оварда, гуфт, баъди нашри Маснавӣ дар адабиёти тоҷик пайравиҳо ба Мавлонои Рум авҷ гирифт. Вай афзуд, қаблан ягона шоире, ки дар ҳавои ашъори Румӣ эҷод мекард, шодравон Лоиқ Шералӣ буд. Аммо, афзуд, хонум Гулрухсор, баъди ҷанги шаҳрвандӣ шеърбозиҳо дар Тоҷикистон авҷ гирифтаанд, ки далели аҷдоди Мавлоно будани тоҷиконро зери шубҳа мегузорад: "Ва онҳое ки баъди мо ба адабиёт меоянд, бояд пеши худашон қарор гузоранд, ки баъд аз он ки Мавлоноро мехонанд, ҳаққе ба хому арзон гуфтан надоранд. Дар бораи 800-солагии Мавлоно гуфтаниям, умедворам, ки ба базми ҷаҳонии шеър табдил меёбад, на ба хӯрдану рақсидану таърифи ин ки Мавлоно бузург буд. Бузургии Мавлоноро ҳама медонад, ҷаҳон медонад. Акнун бузургии Мавлоноро мо бояд худамон пеши худамон кашф кунем ва бидонем, ки вориси чи фарҳангу чи адабиёту шеъри бузурге ҳастем."
Ҳамза Камол, раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон сарзамини таърихии андешаву шеъри Мавлавист. Вай афзуд, агарчи ҳоло аз ин андеша истифодаи дуруст сурат намегирад, иллати таърихӣ дорад ва як замоне фаро мерасад, ки тоҷикон Мавлавиро дуруст хоҳанд шинохт: "Мавлавӣ дар ҳаёти фарҳангӣ ва иҷтимоии мо бояд ҳузури бештар пайдо кунад. Махсусан дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони мо ки ҳадафи сармоядории бенизому бемаънавият қарор мегирад."
Дар ҳоле, ки Маснавии Маънавии Мавлавӣ дар Амрико тайи даҳ соли ахир 18 маротиба нашр шудааст, дар Тоҷикистон ҳамагӣ як маротиба бо ҳуруфи сирилик нашр шуд.
Абдуллоҳ Ҳаким, коршиноси сиёсӣ мегӯяд, дар фарҳанги сиёсии имрӯзи Тоҷикистон арзиш ва вижагиҳои шахсият ва андешаҳои Мавлонои Рум камӣ мекунад. Вай афзуд, пеш аз ҳама як нигоҳи озодманишонаи Мавлоно намерасад, нигоҳи шахсе, ки озод меандешад, ба воқеиятҳо назари худро дорад. Оқои Ҳаким афзуд, андешаи таҳаммулпазирии Мавлоно, ки диққати ҷомиаи ҷаҳониро ҷалб кардааст, яке аз он андешаҳоест, ки бояд дар андешаҳои мардуми Тоҷикистон пирӯз шавад.
"Андеша ва афкори Мавлоно дар фарҳанги мо камтар ҷой дорад. Дар ҳамин даҳсолаи гузашта дидем, ки таҳаммули мо то куҷост. Вале хуб аст, ки имрӯз кӯшишҳое мешавад, бари дарки фарҳанги таҳаммулпазирӣ, аммо мо имрӯз ин донишҳоро аз курсҳои конфликтологияи ғарбӣ меомӯзем, вале ончи ки мо худ дорем, камтар меомӯзем ва ё мешавад гуфт, аслан намеомӯзем."
Оқои Ҳаким гуфт, он чӣ аз сиёсатбезориҳо дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад, пеш аз ҳама адами тафаккури миллии тоҷикон аст, ки рушан дар афкори Мавлонои Рум ироа шудааст.
Бо ин вуҷуд, ки коршиносон дар Тоҷикистон андешаи Мавлавиро як чизи диданӣ, аммо дар андешаҳои ҷомиа нодиданӣ арзёбӣ мекунанд, аксаран мӯътақид бар онанд, ки замоне, ба қавли Мавлоно, ҷомиаи Тоҷикистон пайи ҷустуҷӯи асли хеш хоҳад шуд ва мисли Мавлоно ба ботин, на ба зоҳир.