Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти "Клуби сардабирон" бе ширкати сарони нашрияҳои давлатӣ


Бинои маҷмаи "Шарқи озод"
Бинои маҷмаи "Шарқи озод"

Нишасти «Клуби сардабирон» рӯзи 28 сентябр дар Душанбе бидуни ширкати сармуҳаррирони нашрияҳои давлатӣ доир шуд.

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ташаббускорони ин маҳфил, ҳадаф аз ташкили ин ҷаласа баҳсу баррасии мушкилоте буд, ки ба ҳамаи расонаҳо тааллуқ дошт.

Рустами Ҷонӣ, сармуҳаррири нашрияи «Имрӯзнюс» ва яке аз ширкатдорони ин маҳфил гуфт, ки сардабирони нашрияҳои давлатӣ барои ширкат дар ин ҷаласа даъват шуда буданд. Вале ба далоили номаълум ширкат накарданд.

Ин дар ҳоле, ки афзуд ҷаноби Ҷонӣ, дар як ҷаласае, ки бо ширкати ҳамаи сардабирон, аз ҷумла сардабирони нашрияҳои ҳукуматӣ моҳе пештар баргузор шуда буд, тарҳ ва нақшаи нишасти имрӯзаро муштаракан омода карда буданд.

Камоли Қурбониён, сармуҳаррири нашрияи расмии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар сӯҳбат бо «Озодӣ» гуфт, ки дар воқеъ дар ҷаласаи қаблӣ ширкат дошт. Вале чун ин нишаст бо ҷаласаи ҳукумат дар як вақт баргузор шудааст, натавонистааст, ки ширкат намояд: «Ман дар сафари хидматӣ будам. Имрӯз омадам ва маҷлиси ҳукумат рафтам. Мо ҳар дафъа иштирок кардаем ва агар вобаста ба матбуот бошад, ҳамеша ҳастам.”

Бо ин ҳол Рустами Ҷонӣ, сармуҳаррири «Имрӯзнюс» гуфт, ки дар ин навбати ҷаласа сармуҳаррирон бархӯрди мақомот ва ҷомеа бо рӯзноманигоронро бахусус
Рустами Ҷонӣ
Рустами Ҷонӣ
дар ҳолатҳои ҳассос мавриди баррасӣ қарор додаанд. Ҷаноби Ҷонӣ гуфт, ки ҳам дар инъикоси ҳаводиси бархе аз манотиқи нооромшудаи кишвар дар ин ду се соли ахир ва ҳамчунин тасвири иттифоқоте чун сӯхтори бозори «Корвон», ин бархӯрдҳо то андозае шиддат пайдо карданд.

Сармуҳаррири «Имрӯзнюс» ҳамчунин ба мавридҳои маҳдуд шудани дастрасӣ ба бархе аз сомонаҳои интернетӣ ишора карда, онро як навъ заъфи мавқеи рӯзноманигорон ва шитобкории бархе аз идорот марбут донист, ки бо такя ба қудрат ва салоҳият, ба чунин иқдомҳо даст заданд.

Ба ин далел оқои Ҷонӣ афзуд, новобаста аз ихтилофи назар ва рақобатҳои эҷодӣ, шароит тавре шакл мегирад, ки дар масоили умумӣ ташкили як иттиҳоди сармуҳаррирон ногузир аст: “Мо дар баъзе аз масоил баъзе назару дидгоҳҳои кориамон дигар ҳам бошад, дар чанд моҳи охир масъалаҳое пеш омаданд, ки онҳо хусусияти умумӣ гирифтанд ва албатта як рӯзнома ва ё оҷонсии хабарӣ дар алоҳидагӣ ва танҳоӣ аз ӯҳдаи он баромаада наметавонад. Бинобар ин, зарурат бар ташкили як иттиҳодия ва ё ҷамъияти фикрие пеш омадааст.”

Ширкатдорони маҳфили сардабирон ба ин натиҷа расиданд, ки як маъракаи таблиғотиеро барои фаҳмонидани рисолати рӯзноманигор дар ҷомеа ва нақшу ҷойгоҳи он тавассути нашрияҳо ба роҳ монанд.

Ба гуфтаи масъулони нишасти мазкур, тасмим гирифта шудааст, ки барои иҷрои ин ҳадаф, ҳамчунин нашрияҳои давлатӣ низ ҷалб карда шаванд.

Зимнан Камоли Қурбониён, сармуҳаррири нашрияи "Ҷумҳурият" низ гуфт, ки ҳамеша барои расидагӣ ба масоили марбут ба матбуот омодааст, ки бо ҷамъи сардабирон ҳамкорӣ дошта бошад.
XS
SM
MD
LG