Ин омор рӯзи дуюми апрел ҳангоми муаррифии таҳқиқоти Бунёди кӯдакони Созмони Милал ва Бонки Ҷаҳонӣ оид ба вазъи таъминоти ғизо дар Тоҷикистон баён шуд. Тибқи ин гузориш, инчунин камғизоӣ сабаби аз инкишоф бозмондан ва маъюбшавии 13 дарсади атфоли то 5 панҷсола шудааст. Ин гузориш ҳамчунин мегӯяд, камбуди доимии ғизо дар Тоҷикистон ҳар саввумин кӯдаки то 5-соларо низ "қадпаст" кардааст, ин нишондиҳандаи бадтарин дар миёни кишварҳои ИДМ будааст.
Раҳматуллои Шералӣ, сардори Раёсати хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ дар робита ба ин пажӯҳиш гуфт, бархе аз расонаҳо арқоми чунин пажӯҳишҳоро нодуруст ба нашр расондаанд: "Бисёре аз журналистон навиштаанд, ки гӯиё 35 дарсади кӯдакон аз камбуди ғизо фавтидаанд. Ин тавр нест, 35 дарсади кӯдакон аз камбуди ғизо ё лоғари масъунияташон заиф мешаванд ва бо андак беморӣ мефавтанд."
Ҷаноби Шералӣ мегӯяд, дар сурати доштани огоҳии бештар дар бораи ғизои солим барои кӯдакон, ин мушкил метавонад бо харҷи камтар бартараф шавад.
Саида Ҷабборова, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар робита ба мушкилоти камбуди ғизои солим дар Тоҷикистон гуфт: “Таъмин кардани мардум бо ғизои солим ин вазифаи вазорати тандурустӣ нест. Дар ин маврид ҳам вазорати кишоварзӣ, ҳам мелиоратсия ва маориф масъулият доранд.”
Хонум Ҷабборова афзуд, вазорати тандурустӣ бештар дар бораи баланд бардоштани маърифати ҷомеа пиромуни омода кардани ғизои солим, ғизои парҳезӣ ва тақсим кардани витамину минералҳои мухталифи хайрия, ки ба устувор шудани масъунияти бадан мусоидат мекунанд, машғул аст.
Дар ҳамин ҳол, баръакси пажӯҳишҳои созмонҳои байналмилалӣ дар ҷаласаи охири ҳукумат, ки рӯзи 30-юми март баргузор шуд, президент Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, истеъмоли зиёди хӯрокҳои серғизо аз ҷониби мардум, боиси густариши бемории қанд гаштааст. Бинобар ин ӯ таъкид кард, яке аз роҳҳои пешгирии бемории қанд кам кардани истеъмоли хӯрокҳои серғизо, бештар машғул шудан ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва бурдани тарзи ҳаёти солим аст. Ҳамчунин ӯ таъкид таъкид кардааст, ки ҳаёти солим ва дуруст ба роҳ мондани истеъмоли ғизо дар миёни аҳолӣ бо воситаи телевизион тарғибу ташвиқ карда шавад.
Президент Раҳмон дар гузашта низ аз хатари фарбеҳшавӣ миёни аҳолӣ, махсусан занон ҳушдор дода буд. Баъд аз таъкиди ӯ телевизионҳои давлатӣ дар барномаҳои хеш аз зарарнок будани истеъмоли гӯшт барномаҳо пахш карда мардумро ба истеъмоли ҳарчи бештари донагиҳо, нахӯд ва каду даъват карда буданд.