Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Басо ҳастанд бо чашмони бино раҳгуманд, эй дӯст"


Иброҳими Исмоилзод, овозхони маълули тоҷик
Иброҳими Исмоилзод, овозхони маълули тоҷик

Иброҳими Исмоилзод, овозхони маълули тоҷик, пас аз даргузашти падараш бисёр мехоҳад сарпарасте пайдо кунад.

Иброҳими Исмоилзод, овозхони маълули тоҷик, ду сол боз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил дорад. Ӯ танҳо донишҷӯи маълул аст, ки бо вуҷуди мухолифатҳо шомили ин муассиса шуда, дар қатори ҳамсолони солимаш ба омӯзиши мусиқӣ идома медиҳад.

Ин қаҳрамони гузориши мо дар хонаводае чашм ба олами ҳастӣ кушода, ки аз миёни панҷ бародару хоҳар се нафари онҳо нобинои модарзоданд. Иброҳим мегӯяд, ӯ роҳи овозхониро ба хотири ҳавас ва ба даст овардани шӯҳрат интихоб накардааст. Ҳанӯз дар тифлӣ бо садои овозхонҳои мухталиф тақлид мекарду таронаҳояшонро месуруд. Аммо чун бузургтар шуд, қарор гузошт, овозхон шавад. Овозхоне, ки ба касе монанд будан намехоҳад. Овозхоне, ки бояд дигарон ба ӯ тақлид кунанд.

Чаҳор сол қабл падари Иброҳим ва ягона пуштибони хонаводаашон даргузашт. Дар зимн бо заҳмати зиёд Ҳодӣ Искандарӣ, тоҷири эронӣ ва сарпарастеро пайдо кард, ки нахустин консерти бузургашро чанд моҳ пеш дар Кохи Ҷомии Душанбе баргузор кард.

Вале имрӯз низ ин ҳунарманди маълул ба пуштибон ниёз дорад ва ҳадафи аслиаш аз муроҷиат ба Радиои Озодӣ ҳамин буд, ки сарпарасте пайдо ва таронаҳои тозаашро сабт намояд.

Дар навори видео: Гуфтугӯ бо Иброҳими Исмоилзод

Орзуи овозхони маълули тоҷик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:05 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG