Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, аз се моҳ ба ин сӯ таҷҳизоти телевизиони муштараки форсӣ аз расмиёти Хадамоти гумруки Тоҷикистон нагузаштааст ва аз ин хотир, кишвараш мусоидати раисҷумҳурро зарур шуморид.
Телевизиони муштараки форсӣ, ки аз тавофуқоти умдаи миёни се кишвари форсзабон – Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон аз соли 2006 аст, то ба имрӯз бо мушкилоти сиёсиву забонӣ ва инак, молиявӣ мувоҷеҳ мешавад.
Сафорати Эрон дар Душанбе эълом дошт, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақрибан 400 ҳазор доллар аз 2 миллион евро, қимати умумии таҷҳизот барои телевизион, боҷ талаб кардааст. Ин хадамот мегӯяд, ин таҷҳизот танҳо дар ҳоле аз боҷ озод мешавад, ки барои истифодаи корпуси дипломатӣ, яъне сафорати Эрон бошад, аммо дар ин маврид он моли сафорат нест.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, барои фаъолияти телевизиони муштараки форсӣ тамоми шароит фароҳам омадаанд, аз ҷумла як бинои думанзила дар шафати телевизиони «Баҳористон» бо студияву толорҳои зарурӣ барои телевизион омода шудаанд.
Расонаҳои Эрон хабар медиҳанд, ки ин телевизион «Наврӯз» унвон шудаву рӯзона 8 соат барнома пахш хоҳад кард. Ба қавли Алиасғари Шеърдӯст, мӯҳтавои барномаҳои ин телевизиони муштарак сирф фарҳангӣ ва барои низоми сиёсии тамоми кишварҳои форсизабон мувофиқ хоҳад буд. Вай афзуд, ҳайати эҷодии ин телевизион низ бо мувофиқаи кишварҳо ташкил мешавад.