Абдураҳим Умаров, сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе ба Озодӣ гуфт, ин таҷҳизот феълан дар анбори терминали гумруки Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.
Ба гуфтаи ҷаноби Умаров, ин миқдори бор аз роҳи замин вориди Тоҷикистон шуда ва дар анбори нигоҳдории муваққатии терминали Душанбе маҳфуз аст. Вале ҳанӯз санадҳои зарурии таҷҳизоти мазкур омода карда нашудааст.
Ба қавли Абдураҳим Умаров, тибқи моддаи 321 кодекси гумруки Тоҷикистон, агар таҷҳизоти мазкур мустақиман ба корпуси дипломатӣ, яъне ба сафорати Эрон тааллуқ дошта бошад, бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон дохил карда мешавад. Вале агар ин таҷҳизотро сафорат истифода накунад, сарфи назар аз андозаи боҷи гумрукӣ, молиёт ба таври ҳатмӣ пардохт хоҳад шуд
Ин дар ҳолест, рӯзи чаҳоршанбе масъулони сафорати Эрон гуфтанд, ки боҷи гумрукӣ монеи ворид кардани таҷҳизот барои TV форсизабонон шудааст.
Сафорати Эрон дар Душанбе мегӯяд, тақрибан 400 ҳазор доллар боҷе, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон талаб дорад, монеи ворид кардани таҷҳизоти студияи ТВ муштараки форсизабон шудааст. Сарони Эрону Тоҷикистон ва Афғонистон ҳанӯз дар соли 2006-ум ҷиҳати таъсиси чунин шабака тавофуқ карда буданд.
Ба қавли масъулони сафорати Эрон ҳоло ин таҷҳизоти муҳим дар беруни дарвозаи гумруки Тоҷикистон ҳамчунон истодааст ва ба муроҷиати бамаротиби онҳо, мақомоти Душанбе ҳанӯз посухе надодаанд. Арзиши умумии таҷҳизот ба 2 миллион евро баробар буда, аслан аз камераҳои телевизион, дастгоҳҳои рӯшанидиҳанда ва дигар асбоби муҳим барои студияи телевизонӣ иборат буда, ин таҷҳизот бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон оварда шудааст.
Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистон, қаблан гуфта буд, ки телевизиони муштараки форсизабон расман сабти ном ва барои студияи он бино низ ҷудо шудааст, аммо бинобар таъхир дар ворид кардани таҷҳизоти студия оғози кори телевизион ба ақиб уфтодааст.
Вале сафири Эрон Алиасғари Шеърдӯст дар як нишаст изҳор дошта буд, ки Кумитаи радио ва телевизион барои ин студия як бинои кӯҳнаро ҷудо кардааст, ки қобили истифода нест: "Ман ин ҷо суол мекунам, масъулони Кумитаи телевизиони Тоҷикистон, ғайр аз ду табақаи як сохтмони махруба чӣ коре барои ин телевизион (ТВ форсӣ) карданд?"
Сафири Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, онҳо феълан ба вазорати умури хориҷии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, вале дар сурати идомаи таъхир таҷҳизоти студияи телевизони муштараки форсизабон шояд дубора ба Эрон баргардонида шавад. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло масъалаи аслӣ заминаи ҳуқуқии таъсиси ин студия аст, на сарнавишти таҷҳизоте, ки сафорати Эрон иддао дорад.
Баҳси таъсиси телевизиони муштараки 3 кишвари форсизабон инак 6 сол боз идома дорад ва тавре мақоми аршади Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистон бидуни бурдани ном ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳатто ӯ намедонад, феълан кор ба куҷо расидааст ва дар атрофи ин масъала чӣ мегузарад.
Масъалаи дигар дар баҳси телевизиони муштарак исрори Кобул ба истифодаи барномаҳо бо забони паштуст, ки Эрон қабул надорад. Сафири Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, дар Эрон даҳҳо миллатҳои дигар, ки бо туркӣ, курдӣ ва туркманӣ ҳарф мезананд, низ ба сар мебаранд, пас, бо ин забонҳо низ барнома бояд сохт?
Бежани Салҷуқӣ, намояндаи сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, гуфт, Кобул ба ҳеҷ ваҷҳ мавқеи худро тағйир намедиҳад, зеро забони пашту забони ақаллият нест, балки як забони расмии Афғонистон аст: "Дар Афғонистон ҳазораву узбакҳову туркманҳо ҳам ҳастанд, вале онҳо ақаллиятҳои миллӣ ба шумор меоянд. Аммо забони пашту забони ҷамъияти бузурги Афғонистон аст ва яке аз забонҳои расмист. Аз ин рӯ мо мехоҳем, ки дар ин телевизион дар канори форсӣ забони пашту ҳам бошад. Мо имрӯз ҳам инро мехоҳем."
Як мавзӯи дигари монеасоз ба далели низоми мухталифи ҳоким дар ин 3 кишвар метавонад бошад. Низоми ҳоким дар Тоҷикистон дунявӣ, дар Кобул исломии мӯътадил ва Теҳрон сифр мазҳабист. Ба назари таҳлилгарон, имкон дорад, ҳатто навъи либоси муҷриёни ин телевизион ё намоиши саҳнаҳои рақсу барномаҳои саргармкунанда ё мазҳабӣ печидагии дигареро байни ин се пойтахт дар мавриди роҳандозии телевизиони муштараки форсизабон пеш биорад.