Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Абдулло Назаровро 20 нафар бо монтировка куштанд"


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Бадахшон.18-уми сентябри 2012.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Бадахшон.18-уми сентябри 2012.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо сокинони Бадахшон бархе ҷузъиёти қатли Абдулло Назаровро ошкор кард.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, масъалаи афви гумонбарони қатли раиси идораи амнияти вилояти Бадахшон генерал Абдулло Назаров матраҳ нест. Оқои Раҳмон гуфт, пеш аз афв бояд парвандаро то охир таҳқиқ кард ва ин гумонбаронро ба додгоҳ кашонд. Аммо ӯ ваъда кард, ки он аъзои гурӯҳҳои силоҳбадаст, ки силоҳи худро ихтиёран месупоранд, аз масъулият раҳо хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур, мошини Абдулло Назаровро шоми 21 июл 20 нафар манъ кардаанд, вале ӯ ба ронанда ва 3 муҳофизаш иҷозаи баромадан аз мошинро надода, худ ба пеши ҳамлагарон баромадааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҷинояткорон ӯро бо монтировка аз ноҳияи қалб ва сараш захмӣ карда, муҳофизони ӯро ҳам бесилоҳ ва латукӯб кардаанд. Оқои Раҳмон гуфт, тайи чанд ҳафта аз супурдани ин афрод саркашӣ мекарданд. "Оё ин дар давлати ҳуқуқбунёд равост?" - суол кард аз мардуми ҷамъомада раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр фармондеҳи кушташуда Имомназар Имомназаровро айбдор кард, ки дар тӯли якуним сол як нафари таҳти пайгарди ҷиноӣ аз ноҳияи Панҷро дар манзилаш дар Хоруғ паноҳ додааст. Оқои Раҳмон гуфт, ин нафар феълан боздошт шуда, ба зудӣ тавассути телевизионҳои давлатӣ худ қисса хоҳад кард, ки ӯро кӣ аз мақомот пинҳон мекард.

Эмомалӣ Раҳмон санги маломат ба полези мақомоти интизомии вилояти Бадахшон низ андохт ва гуфт, "агар шумо кор мекардед, кор ба ин дараҷа намерасид."

"Бо ҷинояткорон дигар созиш нахоҳад шуд"

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши ҷинояткорӣ дар қаламрави Бадахшон, хусусан шаҳри Хоруғ ба шиддат изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, «бо гурӯҳҳои ҷинояткор дигар созиш нахоҳад шуд».

Вай бо ишора ба амалиёти сохторҳои қудратӣ дар Хоруғ гуфт, ки ин амалиёт алайҳи гурӯҳҳои ҷиноякор буд ва давлат бояд ба хотири таъмини суботу амният иқдомотеро нисбати ҷинояткорон рӯи даст бигирад.

Ба таъкиди президент, мубориза зидди ҷинояткории муташаккил, тероризм, қочоқи маводи мухадир, сангҳои қиматбаҳо аз самтҳои муҳими фаъолияти сохторҳои қудратии кишвар хоҳад буд.

Президент Раҳмон ба амалҳои ғайриқонунии раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ, ба хусус Толиб Айёмбеков ва Имумназар Имумназаров дар чанд соли ахир ишора кард ва аз мавориди ахир, дар таърихи 24 июл, ки панҷ нафар корманди додситонӣ, ки миёни онҳо додситони низомии Тоҷикистон низ будааст ва гурӯҳҳои мусаллаҳ онҳоро муддати ду рӯз ба гарав гирифта ва лату куб кардаанд, ёддовар шуд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба таъкиди президент Раҳмон саркардагони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ҷараёни сафарҳои қаблиаш 15 маротиба мавриди авф қарор гирифта ва аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шуданд.

Раиси ҷумҳур дар ин бора гуфт, «соли 2008 дар ҳамин ҷо будам ва ҳамон сол ман саркардаҳои гурӯҳҳои ҷинояткороо қабул кардам ва ман ба хотири сулҳу тиниҷву оромии мардум онҳоро авф кардам. Ҳол он, ки ягон раҳбари давлат бо ҷинояткор сӯҳбат намекунад. Онҳо ваъда дода буданд, ки «моро ин дафъа бахшед, дигар гуноҳе аз ҷониби мо намешавад».

Аммо ба гуфтаи раиси ҷумҳур, гурӯҳҳои ҷинояткор боз ваъдахилофӣ карданд ва ба ҷиноятҳои махсусан вазнин даст заданд, ки одамкушӣ, қочоқи маводи мухаддир, сангҳои қиматбаҳо, бандитизм, қочоқи занону духтарон аз ин ҷумлаанд.

Ба ақидаи раиси ҷумҳур «ин тамоюли хатарнок, ба он овард, ки Абдулло Назаров, сардори Раёсати амнияти миллии вилоят ба таври ваҳшиёна ба қатл расид. Дар панҷ мошина қариб 20 нафар мошинаи Абдулло Назаровро манъ карданд. Вай се муҳофизашро иҷозаи берун шудан нагузошта ва худаш аз мошинаш берун шуда ва пас аз чор қадам гузоштан, ӯро бо монтировка ваҳшиёна ба қатл расонданд. Муҳофизонро халъи силоҳ карда ва латукуб карданд».

Аммо раиси ҷумҳур дар мавриди сару садоҳо дар бораи афви раҳбарони ин гурӯҳҳои ҷинояткор гуфт, ки «афв танҳо дар асоси ҳукми додгоҳ» сурат мегирад.

Ҳамзамон ба гуфтаи раиси ҷумҳур, бар асоси кодекси ҷиноӣ, афроде, ки ихтиёрӣ дар бораи иштирокаш дар ҷиноят хабар медиҳад ва силоҳҳоро месупоранд ва ба гуноҳашон иқрор мешаванд ва барои ҷилавгирии ҷиноятҳо фаъолона бо мақомот ҳамкорӣ мекунанд, аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд шуд.

Аммо президент, ба таҳқиқи мунсифонаи куштори Абдулло Назаров аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид намуд ва гуфт, ки «таҳқиқ идома меёбад».

Сӯҳбати рӯ ба рӯи Э.Раҳмон бо мардуми Бадахшон

Дар Боғи фарҳангу фароғати шаҳри Хоруғ мулоқоти раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми Бадахшон идома дорад.

Президент Раҳмон таъкид кард, аввалин маротиба тамоми фаъолияти роҳбари давлат ва ҳукумати Тоҷикистон дар зарфи 21 соли корӣ дар робита ба рушди Бадахшон таҳлил карда мешавад, «мо баъзан рақамҳоро мегӯем, ки чӣ кор кардем, ва оянда чӣ кор хоҳем кард. Дар қисмати охири суханронӣ назароти худро дар ҷодаи таъмини волоияти қонун иброз медорам».

Ин ҳам дар ҳоле, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни боздидаш аз ноҳияи Рӯшон ваъда дода буд, ки дар маркази вилояти Бадахшон, шаҳри Хоруғ сӯҳбати ошкоре бо мардум хоҳад дошт ва бурду бохти Тоҷикистон, ба хусус вилояти Бадахшондар тӯли 21 соли истиқлолро таҳлил хоҳад кард.

Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Бадахшон, аз ҳадафҳои аслии сиёсати давлати Тоҷикистон аст ва то имрӯз ба хотири беҳбуди вазъи зиндагии сокинони вилоят иқдомоти лозим рӯи даст гирифта шудааст.

Дар ин росто, президент гуфт, агар дар аввалҳои даҳаи 1990 барои беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Бадахшон ҳамагӣ 40 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас ин рақам аз соли 2001 то имрӯз 4 миллиарду 646 миллион сомониро ташкил дода, асосан барои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, маорифу беҳдошт, роҳҳо ва буҷети давлатӣ тахсис ёфтааст.

Ба таъкиди раиси ҷумҳур, то имрӯз дар қаламрави Бадахшон 950 иншооти хурду бузург, ба маблағи 1 миллиард сомонӣ барои 200 ҳазор ҷамъияти Бадахшон мавриди истифода қарор гирифтааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон: «Маблағи қарзро баргардонед!»

Президент Раҳмон зимни фаъолияти бонкҳо ва амалиётҳои қарздиҳӣ ба сокинон, аз онҳое, ки то ба ҳол қарзи ҳангуфте гирифтаанд, даъват кард, ки онро баргардонанд. Раиси ҷумҳур аз бародари Ёдгор Мамадасламов, аз раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ин минтақа ном бурд, ки ба маблағи 400 ҳазор доллар аз бонк қарз гирифта, вале то ба ҳол барнагардонидааст.

Раиси ҷумҳур таъкид кард, ки дар сафарҳои қаблӣ худаш дастур дода буд, ки ба мардум ва шахсони алоҳида қарз дода шавад, то онҳо ба фаъолиятҳои соҳибкорӣ машғул шаванд ва аз ин роҳ вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоияшонро беҳбуд бахшанд.

Ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, ба мардуми ширкаткунанда дар ин мулоқот хитоб кард, ки «магар ман гунаҳкорам, ки мусоидат кардам, то фаъолиятҳои соҳибкории ин афрод бештар шавад ва зиндагиашонро беҳ бахшанд».

Зимнан, бархе аз раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ, аз ҷумла Толиб Айёмбеков дар мусоҳибааш таъкид карда буд, ки воқеан бо машварати раиси ҷумҳур ба фаъолиятҳои соҳибкорӣ машғул шудааст ва қарзҳое ҳам аз бонкҳо гирифтааст, вале қисмате аз онро барнагардонидааст».

Ба ин далел нозирони умур таъкиди раиси ҷумҳур дар ҷиҳати баргардонидани қарзро ишораи мустақим ба ин афрод медонанд.
XS
SM
MD
LG