Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифоъ: "Танкҳо барои марзанд, на мардуми Хоруғ"


Тайи ду рӯзи охир тақрибан даҳ мошини зиреҳпӯш (БМП) ба маркази Хоруғ ворид шуда, нигаронии сокинони маркази Бадахшонро ба бор овардааст. Аммо вазири дифои Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев, дар сӯҳбат ба манбаи мо дар Хоруғ гуфтааст, ин мошинҳои зиреҳпӯш барои таҳкими марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон истифода хоҳанд шуд, на алайҳи мардуми Хоруғ.

Бино ба гуфтаи ӯ, теъдоде аз ин мошинҳои зиреҳпӯш ба ноҳияи Мурғобу Ишкошим фиристода шуда, ду адади он ба ихтиёри қисми марзбонӣ дар Хоруғ дода мешавад. Дар ҳамин ҳол, вазири дифои Тоҷикистон бо ҳайати вулусволии Бадахшони Афғонистон мулоқот анҷом додааст, ки дар он масоили марзи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шудааст.

Ин гуфтугузор дар ҳоле сурат мегиранд, ки рӯзи 6-уми сентябри соли ҷорӣ мақомоти Бадахшони Афғонистон аз ҷамъ шудани беш аз 70 ҷангии марбут ба "Ал-Қоида" дар марз бо Тоҷикистон хабар доданд. Ба гуфтаи як мақоми пулиси маҳаллӣ, ин гурӯҳ ба Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG