Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модар - рус, падар - тоҷик. Фарзанд бояд бо кӣ монад?


Бархе аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия издивоҷ кардаанд, фарзандони худро барои тарбия ба Тоҷикистон меоранд.

Исфандиёр, ҷавони 33-солаи тоҷик, чаҳор сол боз дар Санкт-Петербург аст ва ҳоло талош дорад, ягона фарзандашро, ки аз як хонуми рус ба дунё омадааст, ба Тоҷикистон бубарад. Ӯ се сол пеш бо Лена. як хонуми рус издивоҷ кард ва соҳиби як писар шуд. Ҳоло ки равобити ӯ бо ин зани рус сард шудааст, мехоҳад фарзандашро танҳо ва дар Тоҷикистон бузург кунад.

Ин ҷавони тоҷик дар сӯҳбат ба мо гуфт, ҳамсараш ба шароб дода шудааст ва ӯ зиёд мехоҳад, ки фарзандаш тарбияи тоҷикӣ бигирад, на ин ки аз пайи модараш биравад. "Ҳамсарам аз хонаводаи носолим аст ва тарзи носолими зиндагиро пеш мебарад. Ман ба ҳамсарам фаҳмонидам, ки тарбияи мо тоҷикон комилан фарқ мекунад. Ба Лена чандон фарқ надорад, ки писарамон бо кӣ мемонад. Лекин қонун ҳамеша ҷонибдори модарон аст. Дар Тоҷикистон падари танҳо будан ҳам чандон осон нест, лекин ман онҷо падару модар ва хешу табор дорам, ки кӯмак мекунанд. Ман таваллуди писарамро иштибоҳ намешуморам, чунки ӯ меваи муҳаббати ман аст. Ленаро дӯст медоштам…"

Ин дар ҳолест, ки чанде аз мардони тоҷик фарзанди руси худро ба Тоҷикистон оварда, дар назди модар ва ё зани аввалу фарзандони худ гузоштаанд. Барои мисол, Марҳабо Ортиқова, сокини шаҳри Турсунзода, се сол боз набераи русашро дар канори худ парварда бо ҳазор умед ба воя мерасонад. Муҳаммад, ки дар гузашта Кирил ном дошт, ҳоло сесола асту ба боғчаи кӯдакон меравад ва забонҳои тоҷикӣ, узбакӣ ва русӣ балад аст.

Хонум Марҳабо мегӯяд, "писари ман ба Русия рафту дар ҳамонҷо оиладор ва фарзанддор шуд. Ман гуфтам, занатро гирифта биёр, дар манзили зиндагӣ кунад. Он зан розӣ нашудааст, ки ба Тоҷикистон ояд, аз писараш даст кашидаст. Акнун ин набераро ман тарбия мекунам. Ҳоло ман ӯро ба боғча гузоштам, худам ба воя мерасонам, ягон камбудӣ надорем."

Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, дар ҷараёни сафари худ ба вилояти Свердловски Русия гуфтааст, ҷавонони тоҷик маъмулан дар Русия оилаи дуюм барпо мекунанд. Ба гуфтаи Ализода, ҳодисаҳое низ будаанд, ин мардҳо фарзандони худро бо худ ба Тоҷикистон овардаанд ва мақомоти кишвар барои баргардонидани фарзандон ба модаронашон мусоидат намудаанд. Аҳад Содиқов сардори шӯъбаи иттилоот ва таҳлили дастгоҳи ваколатдори ҳуқуқи инсон гуфт, то ба ҳол дар робита ба чунин кӯдакон 9 ариза ба дасти онҳо расидааст: "Яке аз онҳо муроҷиати Максименко Татяна мебошад. Хонум Максименко хоҳиш кардааст, ки фарзандонашро аз Тоҷикистон ба ӯ баргардонанд. Аммо ин хоҳиши ӯ иҷронашаванда буд, зеро Максименко дар бораи шавҳараш маълумоте пешниҳод накардааст, ки вай дар кадом минтақаи Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва ному насабаш чист. Аз ин рӯ, мо хоҳиш кардем, Максименко ба мо иттилои бештар фиристад, то мо аризаи ӯро пурра мавриди пажӯҳиш қарор диҳем."

Як хонаводаи дигар бо мусоидати ин идора ба созиш омада, ба тарбияи муштараки фарзандон тавофуқ кардаанд. Аммо мавридҳое ҳам ҳаст, ки моҷарои зани русу шавҳари тоҷик баъд аз ҷудоӣ ва ба Тоҷикистон овардани фарзанд ё фарзандон боиси кашмакаш мекашад. Ҳамсӯҳбати мо Зулфия аз ноҳияи Вахш аз чунин як маврид ёдоварӣ мекунад: "Ҳамсояамон ба Русия рафта кор кард ва баъд дар ҳамон ҷо як зани русро гирифт. Хулоса, кӯдакдор шуданд. Аз он ҷо як рӯз бинем, ки писарашро бардошта омад. Ӯро як сол парасторӣ карданд, он зан талаб кард, ки бачаамро биёр. Ҳамсояҳо хандиданд, ки агар пештар духтарҳо аз муҳоҷират бо кӯдак меомаданд, ҳоло писарҳо ин корро мӯд кардаанд."

Равоншиносон мегӯянд, мардҳои тоҷик аз рӯи зарурати биологӣ ва иҷтимоӣ дар Русия издивоҷ мекунанд. Аммо вақте фарзанддор мешаванд, дар тарбияи фарзанд миёни зану мард низоъ рӯ мезанад. Нафиса Муродова, равоншиноси тоҷик мегӯяд, ин низоъ, низои фарҳангӣ ва мазҳабист. Ба эътиқоди ӯ, баъзе мардони тоҷик метавонанд исломро ба занони рус қабул кунонанд ё ҳадди ақал писаронашонро бо хатна кардан мусалмон созанд. Вале онҳое, ки ба ин муваффақ намешаванд, ягона илоҷро дар “фирор"-и кӯдакон мебинанд.
XS
SM
MD
LG