Дар ҳоле ки вилояти Хатлон аз аввалинҳо шуда мавсими ҷамъоварии пахтаро шурӯъ кард, имсол худи кишоварзон алоқаманди ҷамъоварии пахтаанд, ки ҳадафи аслӣ ба даст овардани пули бештар мебошад.
Сайфулло Ҷалилов, як масъули Идораи кишоварзии вилояти Хатлон, гуфт, ду соли охир деҳқонон ва арсаи иқтисоди вилояти Хатлон аз истеҳсол ва фурӯши пахта манфиати молӣ мебардоранд, дар ҳоле ки дар 20 соли гузашта вилояти Хатлон дурнамои тавлиди ба истилоҳ "тилои сафед"-ро умуман иҷро накарда, сол аз сол ҳаҷми истеҳсолаш коҳиш меёфт.
Хоҷагиҳои пахтакори вилояти Хатлон даҳҳо миллион доллар аз пахтакорӣ зиёни молӣ мебардоштанд, аммо зери фишори давлат, тарки ин шуғл намекарданд. Давлат водор гардид, ки як дафъа қарзи ба 400 миллион доллари амрикоӣ расидаи пахтакорони Тоҷикистонро "бубахшад". То соле пеш ба маъракаи чиниши пахта ҳазорҳо донишҷӯи донишгоҳу коллеҷҳо ва толибилмони макотиби ҳамагонии маҳаллӣ барои чанд моҳ иҷборан сафарбар гардида, барояшон ҳақмузди шоиста дода намешуд.
Ҳамакнун, ба иддаои мақомоти вилояти Хатлон, вазъ ба ислоҳ даромада, пахтакорӣ ба соҳаи фоидаовари иқтисоди минтақа табдил ёфтааст. Кишоварзони минтақа талош мекунанд, ҳосили пахтаро бидуни кӯмаки донишҷӯёну толибилмон ғундоранд. Ҳукумати вилояти Хатлон мегӯяд, барои ҳар як кило пахтаи чидашуда ба кишоварзон камаш 50 дирам ҳаққи кор дода мешавад.
Бо ин ҳам, дида мешавад, ки дар нахустин рӯзҳои чиниши пахта маблағи кишоварзон дуруст пардохт карда намешавад, ки боз ҳам мояи нигаронии онҳо шудааст. Ба қавли бархе аз ҳамсӯҳбатони мо:
"Бароямон 30 дирам медиҳанд. Оё ин аз рӯи инсоф аст?! Дар тамоми ҷаҳон қимати пахта боло рафтааст, аммо дар мо барои пахтачинон тарифҳои пешина боқӣ мондаанд. Деҳқон беқадр шудааст. Талаб дорем, ҳаққи заҳмати пахтачинон боло бурда шавад…"
"Дар оила 15 нафарем. Ҳамакаса ба пахтачинӣ баромадем, ки рӯзгорро пеш барем. Заводу фабрика набошад, ки 8 соати корӣ рафта кор кунему мисли инсонҳо дар рӯзҳои таътил дам гирем. Аммо нархи пахтаро кам медиҳанд, ночиз аст…"
Ба иддаои ин пахтакорон, ки дар яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Бохтар кор мекунанд, дар сурати шаффоф пардохт нашудани маблағи чиниши пахта, раванди ҷамъоварии он коҳиш хоҳад ёфт. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари кишоварзон ва ба хусус хонаводаҳо ба пахтачинӣ даст зада, мехоҳанд, то аз ин роҳ зиндагиашонро таъмин кунанд.
Гултӯраи Ҳасан, толибилми синфи 10-уми яке аз мактабҳои деҳаи "Будёний"-и ноҳияи Бохтар, мегӯяд, бо сабаби тангдастию нодории хонаводааш дар мавсими пахтачинӣ тарки дарс карда, ҳамроҳи хоҳарони худсолаш вориди майдони пахта мешавад: "Пахтаро то охирин кӯракаш мечинем. Барои он ки маблағи бештаре ба даст оварда, ғизои зимистонамонро захира карда тавонем. Барои ғӯзапаяаш ҳам. Дар аввал 30-50 дирам медиҳанд. секаса то 400-420 кило пахта мечинем. Аммо вақте ки ҳаво сарду боронӣ шуд, дигар кишоварзон аз пахтачинӣ худдорӣ мекунанду мо бошем, меравем ба саҳро. Он замон қиматаш боло меравад ва пули бештаре ба даст меорем."
То имрӯз дар вилояти Хатлон қариб 20 дарсад (фоиз)-и дурнамои чиниши пахта иҷро ва чизе беш аз 50 ҳазор тонна пахта чида шудааст. Қарор аст, имсол беш аз 265 ҳазор тонна навъҳои маҳиннаху миёнанахи пахта дар ин минтақаи ҷанубии Тоҷикистон истеҳсол шавад. Имсол аз ҳисоби фурӯши 31 ҳазор тонна пахта, иқтисоди вилояти Хатлон наздики 55 миллион доллари амрикоӣ суди молӣ бардоштааст. Ҳамзамон ба иттилои намояндагии бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа, феълан беш аз 140 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ дар гардиши хоҷагиҳои пахтакори вилояти Хатлон қарор дорад.
Шералӣ Зардов, мудири шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон, гуфт, аммо ҳаҷми умумии маблағҳои қарзии бонкӣ дар гардиши хоҷагиҳои пахтакори вилоят зиёда аз 50 миллион сомониро ташкил додааст. Беш аз 20 ҳазор хоҷагии кишоварзию фермерӣ дар вилояти Хатлон ба парвариш ва истеҳсоли пахта сарукор дошта, онҳо мисли солҳои қаблӣ барои чиниши пахта аз нерӯи муҳассилони мактабҳо ва кормандони муассисаҳои давлатӣ истифода намекунанд. Дар айни ҳол, корхонаҳои коркарди пахта ҳосили ғундоштаи деҳқононро бо арзиши 500 доллари амрикоӣ барои як тонна мехаранд.
Бо мо дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳ бошед!