Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд. Миллионҳо сомонии муштариён ба ҷайби кӣ рафт?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додситонии Суғд алайҳи Маҳмуд Раҳматов, раҳбари ширкати "Тезпур"-и Хуҷанд бо иттиҳоми "сохтакорӣ", парванда боз намудааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи сешанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи як амалиёти кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ин ниҳод дар вилояти Суғд, маълум карда шудааст, ки мудири ширкати «Тезпур» Маҳмуд Раҳматов бо роҳи сохтакорӣ беш аз 5 миллиону 550 ҳазор сомонӣ ё беш аз 1 миллион доллар маблағҳои пардохтии муштариёнро аз худ кардааст.

Ба қавли Маҳмадулло Асадуллоев, Додситонии Суғд алайҳи Маҳмуд Раҳматов, раҳбари ширкати “Тезпур” дар шаҳри Хуҷанд парванда боз намуда феълан масъалаи мазкур мавриди муҳокима ва таҳқиқ қарор дорад.

Ширкати «Тезпур» аслан ба интиқоли маблағҳои муштариён ба ширкатҳои мобилӣ машғул буда, дар хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд чанд нуқтаи интиқоли пул доштааст.

Бино ба иттилои вазорати умури дохила, Маҳмуд Раҳматов дар ҳамкорӣ бо Абдулатиф Қаюмов, муҳосиби ширкати “Индиго - Тоҷикистон” моҳи майи соли равон бо асноди сохта 3 миллиону 230 ҳазор маблағи муштариёни “Сомонком” дар Хуҷандро, ки тавассути ширкати “Тезпур” пардохт шудааст, аз худ намудааст.

Вай бо ҳамин роҳ 2 миллиону 320 ҳазор сомонии дигар - маблағи пардохтаи корбарон ба ширкати мобилии “Индиго Тоҷикистон” - ро низ “барои эҳтиёҷоти худ” масраф кардааст.

Додгоҳи вилояти Суғд Маҳмуд Раҳматовро бо ҷурми “сохтакорӣ” ва “азхудкунӣ”-и маблағҳо айбдор медонад. Аммо Маҳмуд Раҳматов, раиси ширкати «Тезпур» мегӯяд, ки дар инҷо иштибоҳи калон дар ҳисобу ҷамъ кардани рақамро рафтааст ва ӯ чандин далелҳои раднашаванда дорад, ки дар мурофиаи додгоҳӣ пешниҳод хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG