Иттиҳодияи Аврупо дар баёнияи худ, ки 6-уми сентябри соли ҷорӣ интишор додааст, аз ҳукумати Тоҷикистон даъват карда, ки барои таҳқиқи шаффофи ҳаводиси Хоруғ, аз ҷумла куштори Сабзалӣ Мамадризоев ва Имомназар Имоманазаров шароити муносибро фароҳам оварад.
Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари шӯъбаи вилоятии ҲНИТ дар Бадахшон, дар оғози амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ кушта ушд. Имомназар Имоназаров, аз фармондеҳони мухолифини пешин дар Бадахшон бошад, рӯзи 22-юми август дар манзили худ аз сӯи афроди номаълум ба қатл расид.
Иттиҳодияи Аврупо дар баёнияи худ меафзояд, мақомоти Тоҷикистон дар баҳсҳои додгоҳии марбут ба ҳаводиси Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, аз қонунмандӣ кор бигиранд.
Дар баёниияи Иттиҳодияи Аврупо зикр шудааст, ки ин созмон чуноне дар баёнияи пешини худ (26-уми июли соли 2012-ум) зикр карда буд, ҳамоно дар мавриди вазъи Бадахшон нигарон аст. Ин созмон аз мақомоти ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, ки ба созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои муқими ин кишвар имкони ворид шудан ба ин вилоятро бидиҳад.
"Бо назардошти ваколат ва нуфузе, ки дар аксари манотиқи Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупо дорад, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) метавонист бо ворид шудан ба ин минтақа, ба хотири ҷилавгирӣ аз муноқиша ва бӯҳронҳо ба ҳукумати Тоҷикистон машрватҳои солим диҳад",-таъкид шудааст дар баёния.
Ҳамчунин дар баёнияи мазкур дар хусуси масдуд шудани вебсайтҳо дар Тоҷикистон ёдоварӣ шуда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват гардидааст, ки торнамоҳоро ҳарчи зуд боз намояд. Дар рӯзҳое, ки амалиёти нерӯҳои низомӣ дар Хоруғ ҷараён дошт, чанде аз сайтҳо, аз ҷумла Азия-Плюс, Би-би-сӣ, РИА Новости ва шабакаи Ютюб баста шуданд. Агарчӣ чанде аз ин сайтҳо дубора фаъол ва барои ҳама дастрас гардидаанд, вале бархеи онҳо ҳанӯз ҳам баставу дастнорасанд.
То кунун мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ин баёняи нави Иттиҳодияи Аврупо изҳори назаре накардаанд.