Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбанд. Ҷои "пирон" ба ҷавонон дар раҳбарии мактабҳо


Мақомоти шаҳри Сарбанд аксари кулли мудирони мактабҳои ҳамагониро аз мақомҳояшон барканор ва ба ҷойи онҳо омӯзгорони ҷавонро таъин кардаанд.

Майрамбӣ Ғафурова, муовини раиси ин шаҳр, гуфт, аз ҷавонони лаёқатманд, ки тоза ба мақоми мудири мактаб пазируфта шудаанд, тақозо шудааст, ки ба зудтарин фурсат ҷараёни таълиму тарбия дар дабистонҳоро ба танзим дароранд.

Хонум Ғафурова афзуд, бархе аз мудирони мактабҳо тӯли 20 сол дар мақоми худ кор карда, аммо беҳбуде дар сатҳу сифати дарсҳо ба мушоҳида нарасида, баръакс, мавридҳои даст ба ҷиноят задани толибилмону коста шудани ахлоқи онҳо сабт шудааст.

«Мо дидем, ки баъзе омӯзгорони солманд 20 сол сарварии мактабро ба ӯҳда доштанд, хӯрда гаштанд, ягон масъулият ҳис накарданд, пас, бояд 20 соли дигар мунтазири ислоҳи вазъ бимонем?Дар як мактаб 20 сол боз кор карда истодаанд, аммо ягон ҷунбиш нест, ягон навигарӣ, идеяи тоза надоранд. Аммо мутахассисони ҷавон бо барнома ва усулҳои нав кор мекунанд, фикру назари тоза доранд ва умед аст, ки хуни тозае ворид мекунанд ба риштаи маориф. Мо ташвиқот бурда истодаем, ки бештар мутахассисони ҷавонро ҷалб кунем ба кори мактабу маориф. Аммо директорони пешинаро дар мактабҳои худашон ба ҳайси муовини директор ё мушовир ба кор ҷалб намудем, то аз таҷрибаи хубашон низ истифода шавад», - гуфт М. Ғафурова.

Майрамбӣ Ғафурова
Майрамбӣ Ғафурова
Барканории мудирони мактабҳои ҳамагонӣ аз мақомашон ҳанӯз дар нимаи аввали сол аз шаҳри Душанбе, пойтахт, оғоз гардида, то ин вақт сарварони садҳо таълимгоҳи кишвар тарки ҷойи кор карданд. Аммо аз таҷрибаи интисоби кадрҳои ҷавон ба мақомҳои роҳбарикунанда дар риштаи маориф барои нахустин бор дар шаҳри Сарбанд истифода мешавад.

Шаҳрдории Сарбанд бо ибрози нигаронӣ аз фаъолияти бархе аз омӯзгорони мактабҳои маҳаллӣ ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки омӯзгорони сатҳи донишашон пастро низ аз кор дар таълимгоҳҳо барканор кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки идораи маорифи вилояти Хатлон аз нарасидани садҳо омӯзгор дар куллияи шаҳру навоҳӣ хабар медиҳад.

Мақомоти давлатӣ ба хотири ҷалби фориғуттаҳисилони донишгоҳҳои омӯзгорӣ ба кори мактаб имтиёзҳои гуногунеро пешниҳод мекунанд. Ҳукумати Тоиҷикистон ҳам қарори вижаеро “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон” ба тасвиб расонидааст, ки ихтисоси қитъаҳои замин ва қарзҳои боимтиёз ба омӯзгорони ҷавони макотиби рустоиро дар назар дорад. Аммо Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, омӯзгори ҷавони яке аз мактабҳои ноҳияи Бохтар, мегӯяд, мақомоти маҳаллӣ ваъдаи ихтисоси қитъаи замин ба омӯзгорони ҷавони ниёзмандро иҷро намекунанд.

Вай афзуд: “Ҳамин хел ваъдаҳо супурда шудааст, ки дар мадди аввал омӯзгорони ҷавон бо қитъаи замин таъмин шаванд, зеро азбаски онҳо маоши кам доранд, аз имкони хонасозию харидани порае замин бархӯрдор нестанд. Ин як василаи ҳавасмандии мутахассисони ҷавон аст. Ҷавонони бисёре бо ҳамин умед кори мактаб мекунанд, аммо ноумед шудаанд. Масалан, бародари ман ҳам, ки хатмкардаи факултаи таъриху ҳуқуқи донишгоҳи Қӯрғонтеппа аст, 4 сол дар мактаби деҳа муаллимӣ кард, ба дарёфти қитъаи замини имтиёзӣ шарафёб нашуд. Ниҳоят, ночор тарки пешаи омӯзгори карду ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт”.

Ба иттилои ҳукумати вилояти Хатлон, дар муассисаҳои таълимии минтақа то имрӯз танҳо ба 240 омӯзгор қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, ба 63 нафар қарзҳои боимтиёз ва ба 42 омӯзгор замин барои полезкорию боғдорӣ ихтисос дода шудааст.

Омӯзгорони ҷавон мегӯянд, ки нодидагирии амру қарорҳои ҳукумати марказӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ, ки дастгирии моддию маънавии омӯзгорони ҷавони рустоҳоро дар назар дорад, боиси дилсардии онҳо ва сабаби тарки кори омӯзгориашон мегардад.
XS
SM
MD
LG