Қарор аст, Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия, барои баҳси ҳузури низомиёни рус дар қаламрави Тоҷикистон, боз ба Душанбе биёяд.
Ин хабарро масъулони дафтари матбуоти вазорати дифои Русия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карда ва гуфтанд, сафари Антонов ба Тоҷикистон то охири моҳи сентябри соли ҷорӣ иттифоқ хоҳад афтод. Ин ҳам дар ҳолест, ки ёвари муовини вазири дифои Русия дар тамоси дигар бо мо гуфт, то 15-уми сентябр сафари Антонов ба Душанбе дар назар гирифта нашудааст.
Эҳтимол дар ҷараёни ин сафараш ба Тоҷикистон, ҷаноби Антонов бо мақомоти тоҷик, аз ҷумла раҳбари аввали кишвар дидору гуфтугӯ анҷом диҳад.
Анатолий Антонов дар аввали моҳи августи соли ҷорӣ низ ба Душанбе омада, тӯли ду рӯз бо мақомоти кишвар, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, масъалаи будубоши низомиёни рус дар кишварро баррасӣ карда, натиҷаи музокиротро мусбат арзёбӣ намуда буд. Он вақт ӯ гуфта буд, матни созишномаи миёни Душанбеву Маскав дар бораи ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия бо назардошти амнияти Тоҷикистон, Русия ва минтақа тақрибан ниҳоӣ шуда, қарор аст, дар ояндаи наздик ба имзо бирасад.
Анатолий Антонов дар ин сӯҳбаташ бо хабарнигорон хабарҳо дар мавриди пардохти ҳаққи иҷора бар ивази тамдиди пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистонро беасос хонд. Ӯ гуфт, масъала дар бораи мавҷудият ва ё ҳузури ин пойгоҳ нест ва мақомоти тоҷик, аз ҷумла раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам ин мавзӯъро ба баҳс накашидаанд, балки ба гуфтаи ӯ, масъалаи ояндаи пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон бо шароити имрӯзӣ мутобиқ кардани он аст.
Давлати Тоҷикистон ва Русия дар соли 2004-ум дар мавриди ҳузури пойгоҳи Русия барои то даҳ сол созишнома имзо карда буданд. Аммо ҳамакнун сарнавишти ин пойгоҳ баъд аз соли 2014-ум ба далели он ки Русия мехоҳад барои 49 сол созишнома имзо кунад ва Тоҷикистон на бештар аз даҳ сол, норӯшан боқӣ мондааст.
Гуфта мешавад, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки дар заминаи фирқаи 201-и ин кишвар ташкил шудааст, бузургтарин пойгоҳи ҳарбии Русия дар хориҷи ин кишвар ба ҳисоб меравад, ки беш аз 7 ҳазор сарбозу афсар дорад.