Интизор меравад, ки муовини вазири дифои Русия бо Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷӣ ва дигар мақомоти баланпояи кишвар мулоқоту гуфтугӯ анҷом диҳад.
Дар ҷараёни сафари серӯзаи муовини вазири дифои Русия ба Душанбе масъалаи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201 баррасӣ хоҳад шуд. Баррасии созишномаи тамдиди ҳузури двизияи 201 ё пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон аз мавзӯъҳои меҳварии сафари гурӯҳи кории мақомоти Русия унвон мешавад.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, низ рӯзи сешанбе (7-уми август) бо тасдиқи ин хабар гуфт, "ҳайати даҳнафарии мақомоти Русия муддати се рӯз масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои дифоӣ ва низомӣ-фаннӣ миёни Тоҷикистону Русия ва бахусус атрофи тамдиди созишномаи фаъолияти пойгоҳи 201 дар қаламрави Тоҷикистонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳад."
Ба гуфтаи Маҳмадалиев, ин ҳайат нахуст бо мақомоти вазорати дифоъ ва баъдан бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дидору гуфтугӯ хоҳанд кард ва хулосаҳои хешро пешниҳод хоҳанд кард. Аммо бо ин ҳам сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, "барномаи комили сафари ин ҳайат пас аз вуруди онҳо ба Тоҷикистон дақиқ хоҳад шуд".
Дар посух ба суоли "оё имзои санаде дар пайи сафари ин ҳайат ба Тоҷикистон дар назар аст?", Фаридун Маҳмадалиев, гуфт, "ин чиз маълум нест, аммо санадҳоро дар ҷараёни сафарҳои расмӣ ва дар сатҳи раҳбарони аввали вазоратҳо ба имзо мерасонанд."
Дар оғози моҳи июли соли ҷорӣ Владимир Чиркин, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия, гуфта буд, ки имзои Созишномаи тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба мӯҳлати 49 сол ба хатар рӯбарӯ шудааст. Ин изҳороти ӯ вокунишҳои мухталиферо дар Русияву Тоҷикистон ба бор овард. Ҷониби Тоҷикистон ин иддаои Чиркинро нодуруст шуморида ва гуфт, масъалаи созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия дар ҳоли баррасист. Баъдан, Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия дар як нишасти хабарӣ изҳори умедворӣ кард, ки моҳи октябр созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳ бо Тоҷикистон имзо мешавад. Вай гуфта буд, "фикр мекунам, шартҳои молии ин созишнома бетағйир боқӣ мемонанд. Худи масъалаи ҷойгир будани пойгоҳи низомӣ дар Душанбе ба Тоҷикистон даромади хуби молӣ медиҳад. Ин ҳам дар шакли сармояҳо, пардохти андоз ва фароҳам овардани ҷойҳои кории холӣ аст."
Раисиҷумҳури вақти Русия, Дмитрий Медведев тирамоҳи соли гузашта дар сафари Душанбе бо камоли боварӣ дар мазҳари ом эълон карда буд, ки Тоҷикистон ин қарордодро дар се моҳи оянда ба имзо хоҳад расонд. Аммо акнун, агар санади дароз кардани мӯҳлати мавҷудияти пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ҳатто дар моҳи октябр ҳам ба имзо расад, маълум мешавад, баррасии он як сол давом кардааст.
Русия дар Тоҷикистон ҳудудан 7 ҳазор нерӯи низомӣ дорад, ки қисме дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, гурӯҳи дигар дар Қӯрғонтеппа, 100-километрии ҷануби пойтахт ва бахше ҳам дар Кӯлоб, 200 километр дуртар аз Душанбе ҷойгир шудаанд.