Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ин курсӣ ба он курсӣ. Ҷаҳиши табиӣ ё чеҳрасозии сунъӣ?


Бархе аз коршиносон мегӯянд, чеҳрасозии сунъӣ ё "трамплин" дар ҷобаҷогузории кадрҳо фаровон истифода мешавад.

Таъйин шудани раҳбари нав дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мояи тааҷҷуби омӯзгорон ва донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ нагардид, зеро дар 5 соли охир бори сеюм аст, ки ректори ин донишгоҳ иваз мешавад. Ин дар ҳолест, ки раҳбарони мактабҳои олӣ маъмулан барои 5 сол таъйин мешаванд.

Ҷумъахон Алимӣ, устоди собиқи Донишгоҳи Кӯлоб, мегӯяд, ба мисли ду ректори қаблӣ, Абдулло Табаров низ аз Душанбе ба раҳбарии ин донишгоҳ таъйин шуд ва ҳанӯз маълум нест, ки ӯ чанд муддат дар ин вазифа хоҳад монд. Вай мегӯяд, "ӯро низ мисли 2 ректори пешина аз Душанбе фиристодаанд, ки ҳамагӣ чанд муддат кор карда баргаштанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар шаҳри Кӯлоб докторҳо ва номзадҳои илм ба сар мебаранд ва дар самту соҳаҳои дигар кор мекунанд. Аммо он суоле, ки моро ташвиш медиҳад, ин аст, чаро маҳз барои дусолӣ меоянд? Сабаб чист ва киҳо инро ташкил мекунанд?"

Ҷумъахон Алимӣ
Ҷумъахон Алимӣ
Абдулло Табаров дар ҳафтаи гузашта бо қарори раиси ҳукумати Тоҷикистон ректори Донишгоҳи Кӯлоб таъйин гардид. Ӯ дар ин мақом Нуралӣ Солеҳовро иваз кард, ки аз инҷо ба раёсати Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия рафт. Ҳамин тавр, ректори собиқи донишгоҳи славянӣ Муҳаммадюсуф Имомов, ба раҳбарии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузашт.

Табдили раҳбарияти Донишгоҳи славянӣ миёни донишҷӯёнаш вокунишҳои мухталифро ба бор овардааст. Бархе мегӯянд, Нуралӣ Солеҳов метавонад, кореро барои пешрафти донишгоҳ анҷом диҳад. Аммо иддае дигар бо ишора ба дониши пасти донишомӯзони донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз ректори нав интизороти зиёде надоранд.

Шамима Нурмуҳаммадова, яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, мегӯяд, "шодам, ки ректори моро иваз карданд, зеро собиқ ректор дар тӯли фаъолияти беш аз 7-солаи худ дар ин муассиса ягон нақше дар пешрафти ҳаёти мо - донишҷӯён нагузошт."

Нуралӣ Солеҳов қаблан раёсати факултаи таърихи Донишгоҳи славяниро бар дӯш доштааст ва ба гуфтаи Шамима, ҳанӯз замоне ки ӯ ду сол пеш ба раҳбарии Донишгоҳи Кӯлоб рафт, бисёриҳо ҳадс мезаданд, ки ӯ шояд ҳамчун ректор ба Донишгоҳи славянӣ баргардад ва чунин ҳам шуд. Дар ҳамин ҳол Додарбек Сайдалиев, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, саҳми Нуралӣ Солеҳов ва Абдулло Табаров дар рушди маориф зиёд аст ва онҳо сазовори ҳамин вазифааанд: "Ин ду нафар аллакай сазовори эътироф, эҳтиром ва эътимоди ҷомеа ҳастанд. Онҳо як умр чун омӯзгор кор кардаанд ва нафарони тасодуфӣ нестанд."

Тағйирот дар раҳбарии се донишгоҳи умдаи кишвар баёнгари он аст, ки дар сиёсати кадрии ҳукумати Тоҷикистон то ҳол усули қалъабандони роиҷ дар бозии шатранҷ ба кор меравад ва ҳамон як чеҳраҳо аз ин мансаб ба он мансаб ба
Амнияти Абдуназар
Амнияти Абдуназар
истилоҳ ҳарҷопарак мекунанд.

Аммо Амният Абдулназаров, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, дар ин баробар ҳангоми таъйинот ба мансабҳо аз шеваи чеҳрасозии сунъӣ ва ё худ ба таври заминасозӣ аз поён ба боло ва аз мансаб ба мансаб расидан низ истифода шуда, аксаран дар қиболи онҳо корбурд мешавад, ки пушту паноҳ ва ҷуғрофиёи мувофиқ доранд.

Ин мусоҳиби мо аз ҷумла гуфт, "ба ҷуз ин, кадрҳо аз рӯи садоқат ба ин ё он фард интихоб мешаванд. Тараддуди мардум низ имрӯз аз он аст, ки ҳар чӣ тезтар аъзои ҳизби ҳоким шаванд. Зеро бо аъзо шудан ба ин ҳизб Шумо метавонед ба ин трамплин роҳ ёбед. Дар ин сурат Шумо мансаб мегиред, мансаб бошад, асоси даромад аст. Бо ғанӣ кардани буҷаи шахсӣ дари муваффақиятҳо боз шуда, Шуморо мартабаи калонтар низ мунтазир аст."

Саймиддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик, низ мегӯяд, дар Тоҷикистон аз шеваи чеҳрасозии сунъӣ ё "трамплин" дар ҷобаҷогузории кадрҳо фаровон истифода мешавад. Аммо аз нигоҳи вай, бо назардошти яккаҳукмрон будани низоми кишвар, асоситарин зербино барқарор кардани пайванди хешутаборӣ бо афроди баландпоя аст.

Ҷаноби Дӯстов гуфт, "барои домод ва ё келини соҳибмансабҳо шудан аз усулҳои зиёд истифода бурда мешавад, вале боз ҳам онҳое дар ин муҳит роҳ меёбанд, ки онҳо низ аз оилаҳои тавонманду сарватманд ва аз ҷануби кишвар ҳастанд. Масалан таъйин шудани Ҷамолиддин Нуралиев ба ҳайси муовини вазири молияи Тоҷикистон. Фикр намекунам, ки ҳамсабақони вай бо он розиянд, ки он сатҳу донише, ки вай дошт метавонист ба ин зудӣ сазовори ин мансаб бошад. Мисоли дигар, боз ҳам домоди раисиҷумҳури кишвар Ашраф Гулов аст, ки ба ҳайси
Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов
раҳбари раёсати андозсупорони бузурги Тоҷикистон дар Кумитаи андоз фаъолият мекунад. Фикр мекунам, барои кор кардан бо андозсупорандагони бузургтарини Тоҷикистон, бояд танҳо домод буд."

Аз нигоҳи Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, имрӯз раванди аз мансаб ба мансаб расидани амалдорон дар кишвар шаффоф ва одилона сурат намегирад. Ин сиёсатшинос мегӯяд, "аксаран, вақте як нафар ба вазифа таъйин мешавад, берун аз доираҳои марбут касе дар ин бора намедонад. Ҳатто як паҳлӯҳои ногаҳонӣ ҳам дорад, яъне бештар нафароне интихоб мешаванд, ки то ин замон касе дар бораашон чизе намедонанд. Ҳамаи ин ношаффоф будани ин равандро нишон медиҳад."

Ба таъкиди Муллоҷонов, то даме, ки таъйин дар мансабҳо ба ин ё он вазифа дар кишвар аз рӯи меъёри муайяни арзёбии касбияти онҳо сурат нагирад, аз беҳбудии вазъ дар кишвар сухан гуфтан маънӣ надорад.
XS
SM
MD
LG