Масъулони ин ниҳод мегӯянд,ширкатҳои фурӯши маводи мазкур бояд дар нархгузорӣ бо Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон машварат мекарданд. Аммо касе бовар надорад, ки ин ниҳод дар нархгузории ширкатҳои бузурги воридоти маводи сухт таъсире дошта бошад.
Ҳоло дар нуқтаҳои газфурӯшии кишвар ба мисли чанд рӯзи пештар навбатҳои тӯлонӣ ба назар намерасад ва ба ронандаҳо гази фаровон пешниҳод мешавад. Аммо акнун бо нархи баландтар аз ду рӯзи пеш, ки ҳудудан 2 сомонию 70 дирам буд. Имрӯз ронандаҳо барои як литр гази моеъ 3 сомонӣ пардохт мекунанд.
Баҳрулло, ронандае ки чанд сол инҷониб бо истифода аз гази моеъ дар пойтахт таксӣ меронад мегӯяд,ҷаҳиши нархи ин навъи сӯзишворӣ беш аз пеш ба ҷайби ӯ ва дигар ронандаҳо зарба мезанад. Вай мегӯяд, «ман дар як рӯз тақрибан 20 литр газ харидорӣ мекунам. Қаблан агар бар иавази 52 сомонӣ гази моеъро пур мекардам ҳоло 60 сомонӣ медиҳам, яъне 8 сомонӣ зарар мебинам. Ин ҳам дар ҳоле, ки роҳҳо он қадар хуб нест ва боз баландшавии нархи газ кор ва зиндагии моро вазнинтар мекунад. Худо мегӯем ҳоло аз ҳамин 3 сомонӣ ҳам боло нашавад.»
Ба гуфтаи Баҳрулло, бо боло рафтани нархи газ роҳкиро низ баландатар меравад ва дар натиҷа мардум зиён мебинанд.
Дар ҳамин ҳол Далер Шукуров, сардори департаменти рушди корпоративии ширкати “Фароз”, яке аз ширкатҳои воридкунандаи газ дар бораи тағйири якбораи нарх гуфт, ки дар ин авохир бинобар кам шудани захираҳо камбуди ин навъи сӯхт ҷой дошт, вале ҳоло мушкил рафъ шудааст: «Сабаби қимматшавии газ ба кишвари и истеҳсолкунанда рабт мегирад. Аз дирӯз дар нуқатҳои газфурӯшии мо, нархи як литр газ 2 сомониву 80 дирам муайян шудааст. Ва бо гузашта ду ҳафта мо метавонем баҳогузорӣ кунем,ки то чӣ андоза ронандагони гази моеъро харидорӣ карданд.»
Аммо Мунъим Холиқов сардори шӯъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар назди ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯяд, захираҳо кофӣ буданд, вале талабот зиёд буд:
«Ҳоло аксарияти ронандагон аз гази моеъ истифода мебаранд ва ҳангоми пойин омадани нархи газ дар моҳи Рамазон аксари ин ронандагон аз меъер зиёд газро харидорӣ мекарданд. Барои он,ки медонистанд баъди ид нархҳо баланд мешаванд. Яъне зиёд будани талабот ҳамин мушкилро ба вуҷуд овард.»
Вале ба якборагӣ камчин ва баъдан бо нархи гарон фаровон шудани газ фарзияи дигар низ дорад. Бисёриҳо бар инанд, ки фишори маъмурӣ сари фурӯшандагони газ дар моҳи Рамазон, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз зарбаи молӣ ба ҷайби мардум ва пойин нигаҳ доштани қимматҳо анҷом шуда буд, натиҷаи баракс дод. Фурӯшандагон нахостанд газро бо нархи арзон фурӯшанд, онро нигоҳ доштанд, то Рамазон ба поён бирасад.
Иқтисодшинос Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, «бо шакли маъмурӣ наметавон нархро танзим кард, зеро агар фурӯшанда нахоҳад вай метавонад молашро ба бозор набарорад. Аслан ин функисияи иҷтимоии давлат аст, ки дар давраҳои муайян танзими нархро бар ӯҳда мегирад, вале танзими воқеии бозор ин таъмин будан бо мол ва кисаи харидор аст. Ин гуна механизмҳо дар бархе аз давлатҳои ҷаҳон ҳаст, аммо дар шаклҳои дигар амалӣ мегарданд. Аз ҷумла дар кишвари пешрафтаи Ҷопон низ қариб 12 намуди мавод аз сӯи давлат ба низом дароварда мешавад. Яъне онҳо ҳаракат мекунад, ки на ба истеъмолкуннада ва на ба истеҳсолкунанда таъсири манфӣ нарасонда, аз ҳисоби субсидияи давлатӣ ин раванд ба низом дароварда мешавад.»
Гуфта мешавад, гази моеъ ба Тоҷикистон аз ҷониби 6 ширкати аслии воридкунанда асосан аз Қазоқистон,Русия,Туркманистон ва Узбакистон оварда мешавад ва 70 дарсади ин бозорро намонядагии «Газпроми»-Русия ва ширкати Фароз зери даст доранд. Тибқи маълумоти вазорати энержии Тоҷикистон, воридоти ин навъи сӯхт ба кишвар соли равон 88 фисад афзуда, ба ҳудуди 44 ҳазор тонна баробар шудааст.