Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳе аз паси панҷараҳои Хоруғ: "Ҳама дар кӯча асабонианд"


Бошандагони Хоруғ мегӯянд, акнун зиндагии мардум ба ду марҳила ҷудо шудааст: "то ҷанг" ва "баъд аз ҷанг".

Бо вуҷуди он, ки зиндагӣ дар Хоруғ тадриҷан ба маҷрои худ бозмегардад, сокинони шаҳр мегӯянд, ба ҳолати оддӣ баргаштани авзои равонии онҳо ба осонӣ даст намедиҳад. Аксари ҳамсӯҳбатони мо, сокинони сину сол ва касбу кори гуногун дар Хоруғ дар як назарсанҷии телефонӣ гуфтанд, онҳо худ ва наздикони хешро ошуфта ва парешонхотир мебинанд.

Бо Муслима дар ҳоле ҳамсӯҳбат шудем, ки аз кӯчаи марказии Хоруғ мегузашт. Вай мегӯяд, ягон чеҳраи хушу хандонро намебинад, ҳамаи раҳгузарон андешаманду гирифтор ба назар мерасанд ва баъзе бо ҳам асабиёна ҳарф мезананд.

Хонум Муслима духтарчаи 5 солаашро ба дармонгоҳ мебурд, зеро кӯдак аз дарди сахти сар шикоят мекунад: «Духтарамро ба дармонгоҳ бурдам, чанд зани дигар ҳам бо кӯдаконашон онҷо буданд, ки мегуфтанд пас аз ин ҷанг кӯдаконашон касал шудаанд. Ин бемории «принаталка»- аст ки ба асаб вобастагӣ дорад ва чун ин кӯдакон зиёд асабӣ шуданд, маризиашон хурӯҷ кардааст. Онҳо ҳамаро бо чашми худ диданд ва садои тиру вертолётҳоро мешунидаанд. Чун мардум овоза карданд, ки акнун моро бомбаборон мекунанд, бо шунидани садои вертолёт кӯдакҳо низ метарсиданд. Духтари 5 солаам, ба ҳангоме, ки ҷанг шуд аз ман мепурсид, оча кӯдаконро ҳам мекушанд?»

Хонум Муслама афзуд, дар бемористони марказӣ чандин нафар, ки дар ҷараёни даргириҳои 24-уми июли Хоруғ захми тир бардоштаанд табобат мегиранд. Ҷарроҳон тир ё шикастпораҳоро аз бадани онҳо берун кашидаанд, вале ин ҷо равоншинос ё мутахассисоне нестанд, ки дарду алам ва шоки равониро аз умқи вуҷуди онҳо берун биёрад.

Сокини дигари шаҳр, Мастура мегӯяд, касе ба тармими хонаҳои тирзада ва гоҳе валангори шаҳр низ шитоб намекунад. Вай, ки дар маҳаллаи УПД зиндагӣ мекунад, мегӯяд, атрофи ин маҳалла пур аз шикастурехт аст, аз чор бинои чорошёна, ки дар сари роҳ ҷой гирифтаанд, ягон тиреза шиша надорад. Ҳамчунин чанд мағозае, ки дар ин маҳалла вуҷуд дошт, комилан хароб шудаанд ва онҳо маҷбуранд барои харидани хӯрокворӣ ба маркази шаҳр бираванд.

Мастура гуфт, пеш аз ин воқеаҳо аз фурӯши “пирожки” пуле ба даст меовард. Ду рӯз мешавад, ин “бизнес”-и худро аз сар гирифтааст, вале харидорон ангуштшуморанд: «Мо ҳоло он қадар маблағе надорем, ки тирезаҳои пластикии шикастаро аз нав харидорӣ кунем,зеро барои маводи хӯрокворӣ пуламон базӯр мерасад. Ҳарчанд ҳоло вазъ ором аст, лекин диламон ҳамеша дар ҳарос аст. Худатон фикр кунед вақте нишонзанҳо дар рӯ ба рӯи хонаи мо дар кӯҳҳо нишастаанд, мо чӣ хел осуда зиндагӣ мекунем. Ҳама вақт гумон мекунем, ки ҳоло боз тирпаронӣ шурӯъ мешавад, аллакай асабонамон хароб аст. Одамони зиёде, ки синну соли бузургтар доранд аз тарс берун намераванд, кӯдаконро низ берун баромадан намегузорем, аммо худамон кори ҳаррӯзаамонро пеш бурда истодаем.»

Мастура мегӯяд, аз сӯи дигар набуди алоқаи мобилӣ зиндагии онҳоро душвор карадааст. Зеро ба гуфтаи вай, ҳангоме, ки бародараш ба кор меравад, то ба хона баргаштани вай «онҳо сад кафан пора мекунанд».Чун алоқаи мобилӣ мавҷуд нест ва дар ҷоий кораш низ телефони маъмулӣ надорад.

Дарвоқеъ ба гуфтаи Некрӯз, як ҷавони сокини маҳаллаи «Хлебзаводи» шаҳри Хоруғ, имрӯзҳо телефонҳои маъмулии хонагӣ танҳо василаи иртибот миёни пайвандон ва огоҳ шудан аз рӯдодҳои ахири шаҳр барои онҳо шудааст.

Вай мегӯяд, ин чанд ҳафтаи ахир нашрияҳо ба дасти сокинони намерасанд ва аз 3 шабакаи телевизионии давлатӣ, ки дар Хоруғ намоиш дода мешавад, ба ҷуз аз барномаҳои тафреҳӣ, дарёфти дигар иттилоъ, ки бозгукунандаи вазъи воқеии ин минтақа бошад, ғайримкон аст. Некрӯз афзуд: «Мардум умуман хабарҳоро дар бораи вазъияти Хоруғ аз даҳон ба даҳон мешунаванд. Бояд бигӯям, ки баъд аз он, ки ҳукумат шабона амалиётро оғоз кард, боварии мардeми оддӣ нисбат ба ҳукумат ва амнияти ҷумҳурӣ коста гардид. Мардум асосан тарафдори қумандонҳоянд. Худи ман низ нисбати ин «командирон»ягон бадбинӣ надорам. Бисёри ҷавонон онҳоро дастгирӣ мекунанд».

Аммо Камила, яке аз мусоҳибони дигари мо, ки низ сокини шаҳри Хоруғ аст ва дар ин даргирӣ ҳамсари худро аз даст додааст, ҳоло рӯзҳои сахтро пушти сар мекунад. Ӯ мегӯяд, то ҳанӯз дар ҳолати шок қарор дорад ва сару калобаи зиндагияшро намеёбад. Ҳарчанд медонад бояд ба хотири ду фарзандаш ҳаёташро идома диҳад, вале ягон зарра хоҳиши зистан надорад: «Ман то ҳол дар ҳолати шок ҳастам ва то имрӯз берун набаромадаам. Ҳоло вақте маро ба назди телефон даъват карданд вуҷудамро ларза фаро гирифт. Дигар мадорам намондааст, агар мабодо ягон хабари дигар шунавам, беҳуш мешавам. Медонам, ки барои фарзандонам ман лозим ҳастам. Бароям хеле душвор ҳаст, аммо кӯшиш мекунам кӯдаконам сӯзиши маро набинанд. Онҳо ҳар дафъа аз ман мепурсанд, «падарамон куҷост, аммо ман намедонам ба онҳо чӣ ҷавоб бигӯям».

Дар ҳоле, ки мардуми Хоруғ дар банди ғаму ғуссанд, интизор меравад, дар охири моҳи ҷорӣ таҷлили 80 солагии маркази вилояти Бадахшон сурат бигарад. Аммо аксари мусоҳибони мо дар шароити феълӣ мухолиф ба баргузории ин ҷашнанд. Онҳо мегӯяд, тақрибан ҳамаи сокинони Хоруғ бо якдигар пайванди хешу таборӣ доранд ва ҳаводиси ахири ин шаҳр рӯҳияи шодиву хушҳолиро аз онҳо рабудааст.
XS
SM
MD
LG