Шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо Бахши ҳуқуқи кӯдаки ҳукумати ин шаҳр бо беш аз панҷоҳ волидайни кӯдкони лӯлӣ вохӯрда, аз онҳо хоҳиш кардааст, то кӯдаконашонро ба шуғли талбандагӣ маҷбур накунанд.
Умарҷон Саидамиров, сармутахасиси Бахши ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Кӯлоб мегӯяд, инҳо кӯдаконе ҳастанд, ки аз субҳ то бегоҳ бо фишори волидайн дар шаҳр гадоӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, кӯдакони лӯлӣ дар назди бозорҳо, маконҳои фароғатӣ ва ошхонаҳо бо якравии хос, мисли аз пой доштан ва ё дар назди пой афтодан аз сокинон пул мепурсанд. Саидамиров мегӯяд, ҳангоми сӯҳбат бо кӯдакони лӯлӣ маълум шуд, ки онҳо агар бо чунин шева аз сокинон маблағ наситонанд, ба сарзаниши волидайн дучор мешаванд.
Аммо Далер, як кӯдаки лӯлӣ, ки ҳамроҳи хоҳараш назди бозори марказии Кӯлоб ба гадоӣ машғул буд, гуфт, бо хоҳиши худ ба ин кор мағул аст ва волидайн ҳеҷ гоҳ ӯро маҷбур намекунанд: «Не, ин касби падарҳоямон ҳаст ва мо бояд кунем. Мо худамон ба шаҳр меоем ва падару модар ҳеҷ чиз намегӯянд. Ба ғайри рӯзҳои ҷумъа ва бозор дигар ҳар рӯз меоем. Дар як рӯз 10 то 20 сомонӣ ба мо медиҳанд».
Аммо аксари сокинон аз шеваи садақаталбии кӯдакони лӯлӣ нороҳатанд. Аҷамёр, як донишҷӯи Донишгоҳи Кӯлоб мегӯяд, дар бисёр ҳолат лӯлиён донишҷӯёнеро, ки баъзан вақт ҳатто як сомонӣ дар ҷайб надоранд, дар хиҷолат мегузоранд: «Вақте мебинанд, ки бо ягон духтари ҳамкурсат ё шиносат мегузарӣ зуд омада, ба поят мечаспанд. Дар назди духтарон шарм медорӣ ва кӯшиш мекунӣ, ки як пул дода аз ӯ халос шавӣ. Аммо онҳо парво надоранд, ки ту пул дорӣ ё не, ки ин дар бисёр вақт боиси хиҷолат мешавад. Махсус мекунанд, ки дар пеши духтар шарм дошта, зуд пул диҳӣ. Аммо дигар кӯдаконаш нигоҳ мекунанд, ки ба яктоаш пул додӣ, зуд дигараш ба наздат меояд».
Дар ҳамин ҳол, Саймуҳаммад, як марди бузургсол мегӯяд, як сомонӣ додан ба ин кӯдакон ҳеҷ ҷои бадӣ надорад, зеро ин касби онҳост ва бояд сокинон ин нуктаро хуб бифаҳманд: «Як сомонӣ он қадар гапе нест. Ҳамин як сомонӣ хайр мешавад, дар моҳи Шарифи Рамазон».
Аммо Ҷамшед, як ҷавони дигар мегӯяд, ин рафтори кӯдакони лӯлӣ ба гадоӣ монанд нест ва маблағе, ки ба онҳо дода мешавад, ҳамчун хайр қабул намешавад: «Хайр онеро мегӯянд, ки бо ихтиёри худ ба касе медиҳӣ. Рафторе, ки лӯлиён мекунанд, ба ғоратгарӣ монанд аст. Ба онҳо аз рӯи маҷбурӣ пул медиҳӣ, ки ба фикрам ҳамчун хайр қабул намешавад. Ва хайрро ҳам ба одами мӯҳтоҷ мекунӣ. Лӯлиён мӯҳтоҷ нестанд».
Ин амали лӯлиён, ки ҳоло дар кӯчаву бозори Кӯлоб бо шеваи хос аз сокинон пул мегиранд, дар ҳолест, ки ҳукумати Восеъ солҳост талоши ба ҳаёти мулкӣ баргардонидани онҳоро дорад.
Аммо Ҷумъахон Алимӣ, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, баргардонидани лӯлиён аз касбе, ки аз пушт ба пушт ба мерос мондааст, мушкил аст: «Ин масъала вобаста ба генетика ва генеология аст. Пушт ба пушт садақа пурсидан, талбидан ва бархе корҳое, ки мо тоҷикон қабул надорем, ба онҳо тариқи ген ба мерос мондааст. Тағйир додани касбе, ки ба ген омадааст, мушкил аст. Аммо чунин мешуморам, ки мусоидат ба тағийри касби лӯлиён зарур аст».
Лӯлиён дар минтақаи Кӯлоб дар ду ҷамоати ноҳияи Восеъ зиндагӣ мекунанд. Ҳукумати маҳаллӣ бо бунёди мактаб барои лӯлиён ва ҷалби фарзандони онҳо ба хидмати ҳарбӣ ҳадафи баргардонидани онҳо ба ҳайёти мулкиро доранд. Аммо намояндагони мақомоти интизомӣ дар Кӯлоб мегӯянд, агар лӯлиён ба маҷбур кардани фарзандони хурдсоли худ ба талбандагӣ идома диҳанд, мувофики «Қонуни масъулияти волидайн» ҷарима хоҳанд шуд.