Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киҳо бештар даст ба ҷиноят мезананд?


Додгоҳи Кӯлоб бо нигаронӣ аз афзоиши ҷиноятҳо миёни ноболиғон ва ҷавонзанҳо, аз ҳукумати ин шаҳр талаб кардааст, то барои поин бурдани сатҳи ҷинояткорӣ чораҳои ҷиддитар бинад.

Бобоҷон Очилов, судяи додгоҳи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, дар давоми чор моҳ 26 ноболиғу ҷавонзан ҷиноят содир кардааст, ки ин шумора дар чанд соли ахир бесобиқа аст. Ба гуфтаи Очилов ин нишонаи фаъолияти сусти Бахши ҳуқуқи кӯдак ва Бахши кор бо занони ҳукумати Кӯлоб аст, ки миёни ҷавонон таблиғу ташвиқ намебаранд.

Очилов мегӯяд, ҳангоми сӯҳбат бо ноболиғону ҷавонзанҳое, ки ҷиноят содир кардаанд, маълум шуд, онҳо оддитарин маълумоти ҳуқуқӣ надоранд: «Мо пешниҳод кардем, то корҳои фаҳмондадиҳиро бештар кунанд. Зеро вақте, ки мо таҳлил кардем, маълум шуд, ки кори Шӯъбаи кор бо ноболиғон ва Бахши занон хеле суст аст ва корҳои ками тарғиботӣ мебаранд. Аз таҳлили парвандаҳо ба хулосае расидем, ки бояд корҳои фаҳмондадиҳиву ташвиқотиро миёни ноболиғону ҷавонзанҳо бештар кунем».

Ин ноболиғону ҷавонзанҳое, ки додгоҳ парвандаҳояшонро баррасӣ намудааст, бештар бо гумони дуздӣ боздошт шудаанд. Умарҷон Саидамиров, сармутахасиси Бахши ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ҳоло корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ноболиғонро ҷиддитар кардаанд ва наврасоне, ки эҳтимоли ҷиноят содиркарданашон вуҷуд дорад, барои тарбияи дуруст ба мактаб-интернатҳо фиристода мешаванд: «Дар Кӯлоб ба таври ҳамешагӣ Мактаби таҳсилоти иловагӣ фаъолият мекунад. Мо ҳоло миёни наврасону волидон тарғибот мебарем ва агар чунин нафаронро мушоҳида кардем ё шикоят шуд, ба ҳамин мактаб медиҳем. То ҳол мо 7 ноболиғи душвортарбияро ба ин мактаб барои таълим гирифтан равон кардаем».

Дар ҳамин ҳол, Санавбар, модари яке аз ноболиғоне, ки ҷиноят содир кардааст, мегӯяд, додгоҳ барои барқарор кардани зарари расонидаи фарзандаш ӯро ба миқдори 3-ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Ин модар бо он, ки намехоҳад ҷинояти содир кардаи фарзандашро ном барад, мегӯяд, фарзандашро аз мактаб гирифта буд, то дар бозор ба тиҷорат машғул шуда, зиндагиашонро пеш баранд: «Аз ҷиноят содир кардани фарзандам пушаймонам, вале зӯрамон омада буд, зеро либоси хуб надошт, ки ба мактаб равад. Мо ҳам намехостем, ки ӯ ҷиноят содир кунад, вале тасодуфан писарам даст ба ҷиноят мезанад. Ба мактаб намерафт, то савдо карда, як чиз ним чиз ба хона биорад. Падараш, ки нест, дигар чи кор кунем?»

Яке аз омилҳои афзоиши ҷиноят миёни ноболиғонро коршиносон ба набудани падарон болои сари фарзандонашон медонанд. Зулайхо Саидова, як коршиноси ҷавон мегӯяд, он кӯдаконе бештар даст ба ҷиноят мезананд, ки падаронашон ба таври доимӣ болои сарашон нест: «Дар оилаи тоҷик падар барои тарбия фарзанд саҳми асосӣ дорад, вале мутаассифона бештари падарон ҳоло дар муҳоҷират қарор доранд ва модарон ба танҳоӣ наметавонанд аз ӯҳдаи тарбияи фарзанд бароянд. Ҳарчанд, бештари падарон аз лиҳози молӣ фарзандонашонро таъмин кунанд ҳам, аммо набудани худашон зарари маънавӣ ба фарзандонашон мерасонад».

Ҳоло дар Кӯлоб Мактаби таҳсилоти иловагӣ ба таври доимӣ фаъолият мекунад, ки ҳадафи аслиаш ҷалби ноболиғони душвортаълиму душвортарбия аст. Масъулини додгоҳи Кӯлоб мегӯянд, охири сол аз рӯи ҷамъи парвандаҳо маълум хоҳад шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ то кадом ҳад таъсиргузор будаанд.
XS
SM
MD
LG