Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модарон ба президент: "Аз ҳоли сарбозон огаҳамон кунед"


Гурӯҳе аз модарон аз раиси ҷумҳур хостаанд, то дар барқарории тамос бо фарзандони сарбозашон мусоидат намояд.

Саодат Каримова, модари як сарбози вазорати умури дохила Самад Каримов, рӯзи душанбе дар тамоси телефонӣ ба радиои «Озод» гуфт, ки ҳамроҳи ӯ 8 модари дигар аз раиси ҷумҳур хоҳиш доранд, ки дар амри дарёфти иттилоъ аз вазъи фарзандонашон ба онҳо кӯмак намояд.

Ба қавли вай, фарзандони онҳо дар қисми ҳарбии Вазорати умури дохила дар Душанбе хизмат мекардаанд ва ҳар рӯз бо волидонашон дар тамос будаанд.

Саодат Каримова мегӯяд, ки ҳафтаи гузашта писараш ду рӯз тамос нагирифт ва баъдан иттилоъ пайдо карданд, ки онҳоро ба Бадахшон бурдаанд. Вай мегӯяд, ки телефонҳояшон қатъ аст ва намедонанд чӣ гуна бо фарзандонашон дар тамос бошанд.

Ба қавли онҳо, дар вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба онҳо гуфтаанд, ки дар ҳақиқат фарзандонашон дар Бадахшон буда ва сиҳату саломат мебошад. Аммо хонум Каримова мегӯяд, ки онҳо аз ин посух қонеъ нестанд ва мехоҳанд аққалан аз тариқи телефон садои фарзандонашонро бишнаванд.

Вай меафзояд, ки дар бораи Хоруғ ҳамин қадар медонад, ки дар онҷо ҷанг аст, лекин дигар ҳеҷ иттилои дақиқе надорад, зеро ахборро танҳо аз тариқи шабакаҳои телевизиони маҳаллӣ пайгирӣ мекунад, ки дар бораи вазъи Хоруғ тақрибан хабаре пахш намекунанд.

Ба дунболи баргузории амалиёти сохторҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳҳои созмонёфта дар шаҳри Хоруғ, сар аз субҳи 24-уми июл иртиботи телефонӣ бо вилояти Бадахшон қатъ шуда ва мардум, ба хусус бадахшониёни муқими Душанбе ҳеҷ иттилое аз хешу пайвандони худ надоштанд. Танҳо чанд рӯз баъд робита бо Бадахшон қисман барқарор шуд ва ҳоло мешавад аз тариқи телефонҳои собит ва ё хонагӣ бо шаҳри Хоруғ гуфтугӯ кард.
XS
SM
MD
LG