Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи намояндагии вазорати хориҷӣ дар Хуҷанд


Дар шаҳри Хуҷанд намояндагии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон боз шуд.

Додани раводид бо тартиби содда ба шаҳрвандони хориҷӣ дар фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд аз самтҳои аслии фаъолияти намояндаи вазорати хориҷӣ хоҳад буд.

Ба гуфтаи Дилшод Қодиров, намояндаи навтаъини вазорати хориҷии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ҳамакнун шаҳрвандони бархе кишварҳои хориҷӣ бо ворид шудан ба фурудгоҳи Хуҷанд метавонанд визаи Тоҷикистонро бо тартиби содда дарёфт кунанд. Вай афзуд, «шаҳрвандони 80 кишвари хориҷӣ, ки Тоҷикистон барои онҳо тартиби соддаи гирифтани раводидро имтиёз додааст, метавонанд дар фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд виза гиранд. Вале аз онҳо ҳам санадҳои зарурӣ барои гирифтани раводид талаб карда мешавад, вале мӯҳлати он ва додани раводид, кӯтоҳ карда шудааст. Номгӯи давлатҳое, ки Тоҷикистон ба шаҳрвандони онҳо тартиби додани раводидро содда кардааст, дар сомонаи вазорати хориҷии Тоҷикистон ва санадҳои зарурӣ барои гирифтани раводид сабт карда шудааст.»

Намояндагиҳои ширкатҳои сайёҳии Суғд ин иқдомро дар ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ва рушди сайёҳӣ дар минтақа муфид арзёбӣ мекунанд. Мирзоҳаким Рустамов, раҳбари ширкати сайёҳии «Согдиана Памир - Тур» ба «Озодӣ» гуфт, «дар фурудгоҳ раводид гирифтан назар ба вазорат, ки ҳуҷҷат месупореду то гирифтани виза чанд рӯз мунтазир мемонед, осонтар аст. Ва ин аз пешниҳоди ширкатҳои сайёҳӣ, аз ҷумла ширкати мо ҳам буд, ки содда кардани тартиби визадиҳӣ роҳи сайёҳонро ба Тоҷикистон боз мекунад. Мо ҳозир ба чанд шаҳрванди хориҷие, ки тавассути Русия мехоҳанд ба Тоҷикистон оянд, гуфтем, ки метавонанд рост ба Хуҷанд омада, дар фурудгоҳ виза гиранд.»

Ҷаноби Рустамов афзуд, шаҳрвандони хориҷие, ки хоҳиши саёҳати Тоҷикистонро доранд, аз ширкатҳои сайёҳӣ нахуст аз вазъи кишвар ва тартиби гирифтани раводид савол мекунанд. Содда кардани додани раводид, ба назари ин раҳбари ширкати сайёҳӣ, теъдоди сайёҳонеро ки ба Тоҷикистон меоянд, хоҳад афзуд.
XS
SM
MD
LG