«Ирам», давлате бо чунин ном дар орзуҳои ин атфол арзи вуҷуд кард. Ҳам раисҷумҳур, пули миллӣ, парлумон, кобинаи вазирон ва ҳам телевизиону нашрияи худро дорад. Ҷойе, ки сокинонаш ҷавононанд ва бархе аз атфоли имконияташ маҳдуд, вале ҳама бо шароит ва имконоти баробари омӯзишу истироҳат ва фаъолиятҳои шавқовари сиёсиву иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд.
Онҳо раисҷумҳур ва дигар масъулони давлати худро бо роҳи овоздиҳии озоду шаффоф интихоб кардаанд.
Аммо давлати ба истилоҳи Ҷомӣ «писандида» - и «Ирам» - ро дар лагери бачагонаи «20 солагии истиқлолият» (пешина «Уқобча») дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иштирокдорони барномаи вижае таъсис доданд. Онҳо 80 нафар бачаҳои аз 14 то 20 солаанд, ки як гурӯҳашон имконияти маҳдуд доранд.
Далер Раҳматови 17 сола аз иштирокдорони ин урдугоҳи ғайриоддӣ аст. Аз кӯдакӣ пойҳои вай фалаҷ шудаву раҳ гашта наметавонад. Далер дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бори аввал дар умраш ба лагер омадааст, бо аробачаи маъюбии худ ва шод аст, ки модари ёрирасонаш ӯро ҳамроҳӣ мекунад: «Табиати лагер, дискотека, оббозӣ ба ман хеле маъқул шуд. Ман ин ҷо ягон дақиқа ҳам танҳо нестам.»
Модари Далер мегӯяд, урдугоҳ ба писари бемораш лаҳзаҳои шодиву фараҳ бахшид: «Далер ба синфи 10 гузашт, вале дар хона дарс мехонад ва медонед, ин робитаву тамоси вайро бо ҳамослонаш суст кардааст. Аммо ин ҷо дӯстони зиёде пайдо кард. Мебинам, боварӣ ба худаш қавитар шуд, ки минбаъд ҳам хондану омӯзишро давом диҳад. Ва умедворам дар бораи кори ояндаи худ низ фикр хоҳад кард.»
Аниса Ёқубова, талабаи синфи 11 аз мактаби миёнаи рақами 1-и шаҳри Панҷакент аст. Вай мегӯяд, бори аввал дар ин урдугоҳ дар «интихоботи раисҷумҳурӣ» иштирок кард: «Ман дар ин лагер бори аввал аз Бадахшону Кӯлоб дӯстон пайдо кардам. Мо дар интихоби президент, номзадии Улуғбекро дастгирӣ кардем ва вай пирӯз шуд. Чунки вай маҳорати лидерӣ дорад ва дар байни мо аст, Аз кору фаъолияташ мебинем, ки вай барои пешрафти давлати «Ирам» ва беҳтар шудани зиндагии халқаш мубориза мебарад.»
Аз Аниса пурсидам, оё дар дилаш орзуи дар оянда расидан ба мақому вазифаҳои баланди давлатӣ пайдо шуд? Вай посух дод, ки орзуи дар бар кардани либоси низомӣ бо рутбаи генералӣ дар дил мепарварад, мехоҳад дар сафи аввали муҳофизони давлати Тоҷикистон бошад.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар вилояти Суғд ҳудуди 6 ҳазору 650 нафар бачаҳои то 18 солаи имконияташон маҳдуд ба сар мебаранд.
Далер Шарбатов, раҳбари созмони ҷамъиятии «ҷавонони асри 21» дар шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, бори аввал дар вилояти Суғд ба урдугоҳи инклюзивӣ 30 нафар бачаҳои маълул низ ба тариқи озмун ҷалб шудаанд. Зимнан, бачаҳо дар урдугоҳи «Ирам - 2012» ройгон фароғату омӯзиш ва 20 нафар мураббиву табибу парастор бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд. Вай афзуд: «Мо мехоҳем ба ҳамагон расонем, ки мо ҳама як ҳастем ва фарзандони як давлат ва қонун ба мо имкониятҳои баробари зиндагӣ ва кору фаъолиятро кафолат медиҳад. Ин ҷо баъди иштирок дар барномаҳоямон яке мегӯяд, ки дар дилаш орзуи оянда иштирок кардан дар интихоботу вакили парлумон шудан пайдо шуд, дигаре мехоҳад оянда вазир шавад ва барои пешрафти Тоҷикистон кор кунад.»
Абдулазиз Халилов, масъули робита бо ҷомеа дар урдугоҳи «Ирам» ба истироҳаткунандаҳо малакаҳои аккосӣ ва таҳияи хабару барномаҳои телевизиониро меомӯзад. Рӯзе як маротиба барномаи хабарии лагер таҳия ва дар пардаи толор пахш мешавад. Хабарнигорони ҷавон бо дастмузди худ бо пули рамзӣ аз мағозаи лагер чизҳои хурд мехаранд.
Рухшона Шарифова, донишҷӯи соли дуюми факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки аз пойи равон маҳрум аст, муваффақтарин ва писандидатарин гардонандаи барномаи хабарии телевизиони урдугоҳ дониста шудааст.
Ба гуфтаи Сабоҳат Аҳмадова ва аз мураббиёни урдугоҳи «Ирам», номида шудани урдугоҳ ба маъниест, ки ин ҷо бачаҳои маълул низ бо имконият ва шароити баробари фароғату омӯзиш, варзиш ва барномаҳои шавқовари сиёсӣ дар қатори дигар ҳамсолони худ фаро гирифта шудаанд. Вай мегӯяд, таъсиси чунин лагерҳои доимӣ бо шароbтҳои хос барои бачаҳои имконияташон маҳдуд зарур аст, то ки онҳо дар ҷомеа танҳоии худро ҳис накунанд ва баробари дигарон пешрафт кунанд.
Урдугоҳи тобистонаи инклюзивии «Ирам - 2012» аз сӯи намояндагии созмони байнулмилалии институти «Ҷомеаи Боз» - Бунёди Мусоидат дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмонҳои ҷамъиятии «Ҷавонони асри 21» ва «Рангинкамон» аз 8 – ум то 21 – уми июли идома мекунад.