Рӯзи ҷумъа эътирозгарон дар шаҳрҳои гуногуни Сурия хостори барканории Кофӣ Аннон аз мақоми фиристодаи вижаи СММ дар умури Сурия шуданд. Намоишгарон, аз ҷумла, дар шаҳри Ҳумс, иҳзор намуданд, ки умедашон дар бораи рисолати Аннон баъд аз наслкӯшии нав – ин дафъа дар деҳаи Тремсии вилояти Ҳамо комилан аз байн рафт.
Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, нерӯҳои ҳукуматӣ бо истифода аз тонку чархболҳои ба деҳкадаи Треймса ҳамла карданд. Ба гуфтаи онҳо, баъд аз тирборони деҳкада аъзои гурӯҳи пуштибон аз ҳукумат “Шабаҳа” ба он ҷо ворид шуда, мардумро ҳадафи тир қарор доданд. Дар ин ҳодиса тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расиданд.
Ва аммо мақомоти Сурия гуфтанд, ки дар ин ҳодиса аз дасти гурӯҳҳои террористӣ 50 нафар ҷон бохтаанд. Ҳукумати Димишқ изҳор намуд, ки сокинони Тремси баъд аз вуруди гурӯҳи мусаллаҳ ба нерӯҳои амниятӣ муроҷиат кардаанд.
Хабари қатли ом дар Ҳамо дар ҳоле расид, ки Шӯрои амнияти СММ дар қабули қатъномаи нав оид ба бӯҳрони Сурия ба бунбаст ворид шуд. Русия аллакай эълом дошт, тарҳи нави кишварҳои ғарбиро, ки дар он ба ҳукумати Сурия барои иҷрои ҳатмии тарҳи сулҳи фиристодаи вижаи СММ Кофӣ Аннон зарбулаҷал дода шудааст, рад мекунад. Дар ин тарҳ омадааст, ки дар сурати сарпечии ҳукумати Сурия аз иҷрои тарҳ болои Димишқ таҳримҳои нав эъмол хоҳад шуд.