Аммо Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбе аз маҳалли бунёди нерӯгоҳ дидан кард, мегӯяд, дар иншооте, ки ӯ бозрасӣ намуд, кор идома дорад. Вале суханони ӯ дар ҳоле садо медиҳанд, ки намояндагони чандин ширкат мегӯяд, раёсати сохтмон онҳоро ба муддати як сол ба таътил фиристодааст.
Фарид Фидоӣ, намояндаи ширкати эронии «Ориёно», ки 2 сол инҷониб дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун фаъолият дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд ширкати маҳаллӣ ва хориҷӣ аз кор дар "Роғун" таътил шуданд: «На, моро ҷавоб надодаанд, балкӣ таътил эълон карда шуд.»
Ба қавли ҷаноби Фидоӣ, ширкатҳои эронии «Собир» ва «Ором Ором» низ кори худро дар Роғун қатъ карданд, вале ба онҳо шарҳ дода нашуд, ки ин таътил ба чӣ далел иттифоқ афтодааст.
Сабаби таътилро ёвари мудири кулли сохтмони нерӯгоҳи Роғун Фирдавс Наботов ин гуна шарҳ дод: «Баъзе фирмаҳое, ки аз ӯҳдаи кор набаромадаанд аз кор озод карда шудаанд ва коргароне ҳам, ки натавонистаанд кори дуруст пеш баранд озод карда шудаанд».
Аммо як манбаъ, ки ба сурати доимӣ дар аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба сар мебарад, бо дархости ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дигаргуниҳои охир дар Роғун зимни гуфтушуниди ҳукумати Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ иттифоқ афтодаанд.
Бино ба қавли ин манбаъ, намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ пешниҳод кардаанд, ки ба хотири пайдо ва татбиқ намудани фанноварии муосир дар сохтмони Роғун, кори ширкату ниҳодҳои он муваққатан қатъ шавад. Зеро як чунин нерӯгоҳи азим наметавонад бо технологияи кӯҳнашудаи замони шӯравӣ сохта шавад.
Аз соли 1987 ду агрегати сохти шӯравӣ дар маҳали сохтмон боқӣ мондаанд, ки Тоҷикистон мехоҳад, бо таъмиру тармим ва иваз намудани баъзе аз қисматҳо бунёди онҳоро ба поён расонад.
Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар миён будани пешниҳодҳои Бонки ҷаҳониро тасдиқ кард, аммо хабарҳои таътили ширкат ва коргаронро рад намуд. Вай гуфт: «Бале ҳамин хел пешниҳод аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ шудааст. Онҳо 20 июл ба Тоҷикистон меоянд ва агар ҷониби Тоҷикистон дар ин баррасӣ собит кунанд, ки идомаи фаъолияти ширкатҳо ва сохтмони зарур аст, ин ширкатҳои мазкур ба сохтмони идома медиҳанд.»
Бозгашти бозрасони Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон, ки вазир хабар медиҳад, дар ҳоле ба амал меояд, ки ин гурӯҳ дар моҳи майи соли равон зимни баҳсе марбут ба “раванд ва методологияи гузаронидани таҳқиқот”-и тарҳи Роғун кишварро тарк карда буд. Бонк гуфта буд, ки 30-юми июн маблағгузории кори ин гурӯҳ қатъ мешавад ва гурӯҳ замоне сари кор хоҳад бозгашт, ки талабҳои Бонки Ҷаҳонӣ иҷро шаванд.
Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчунин хоста буд, ки то поёни кори гурӯҳи бозрасон, Тоҷикистон даст ба сохтмони асосии нерӯгоҳ назанад ва маҷрои рӯдхонаро барои пур кардани обанбор набандад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон эълон карда буданд, ки маҷро дар зимистони гузашта баста мешавад.
Ташхиси тарҳи Роғун аз тарафи гурӯҳи бозрасии Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2010 зимни мухолифатҳои шадиди Узбакистони ҳамсоя ба ин тарҳ шурӯъ шуда, мӯҳлати поёни кори он ба моҳи сентябри соли 2013 пешбинӣ шудааст.
Ба ақидаи бархе аз коршиносон, таҳаввулоти ахир дар Роғун ба талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои бозгардондани гурӯҳи бозрасон ва тезондани раванди ташхис марбут буда метавонад.