Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъмурони вазорати корҳои дохилӣ муҷозот шуданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазири умури дохилӣ ҳудудан 20 раҳбару фармондеҳи БДА ва "Воҳиди махсус"-и вазоратро ҷазо дод.

Бино ба иттилои маркази матбуотии вазорати умури дохилии Тоҷикистон, сардори ситоди «Воҳиди махсус» полковник Маҳмадалӣ Раҳимов, сардори шӯъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯии "Воҳиди махсус" полковник Миралӣ Ҷалолов танбеҳ гирифтаанд ва ба фармондеҳи баталиони "Воҳиди махсус" подполковник Азизулло Каримов танбеҳи қатъӣ эълон шудааст.

Ҳамчунин сардорони Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода, муовини сардори БДА дар шаҳри Душанбе низ танбеҳ гирифтаанд.

Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ раҳбарони БДА ва "Воҳиди махсус"-ро барои фориғболӣ дар иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти вазорат, дуруст ба роҳ намондани фаъолият, интизоми пасти хизматии ҳайати шахсӣ, сари вақт иҷро нашудани талабот, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, натиҷаҳои пасти хизматӣ дар самти кофтукови ҷиноӣ, назорати суст аз болои зердастон, нодуруст татбиқ намудани Қонуни забони давлатӣ ва ғайра танбеҳ додааст.

Қаблан Хокиро Сӯфиев, сарвари БДА-и шаҳри Ваҳдат барои даст доштан дар садамаи нақлиётӣ, аз вазифа сабукдӯш шуда буд.

Муҷозоти раҳбарони БДА, "Воҳиди махсус" ва масъули амнияти ҳаракати раисҷумҳури Тоҷикистон ва меҳмонони баландмартаба, зимни як ҷаласаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG