Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду тан аз зоирони пиёдаи тоҷик қатъи сафар карданд


Ду тан аз зоирини пиёдаи тоҷик сафари худ ба Арабистони Саудиро қатъ карда, ба ватан баргаштанд.

Ин ду нафар, ки яке 75 сол дошт, бо иллати «бад шудани саломатӣ» ва дигаре бо пайдо шудани «кори муҳими хонаводагӣ» натавонистаанд, сафари худро идома бидиҳанд.

Абдулазиз Раҷабов, раҳбалади ин гурӯҳ мегӯяд, тарки сафар кардан ин ду тан аз ҳамроҳонаш барои ӯ, тасодуфӣ набуд:

"Ёд дошта бошед, пеш аз сафар гуфта будам, ки бовар надорам, то ин ҳайат ба пуррагӣ пиёда зиёрат карда баргарданд. Дафъаи аввали сафар, ки соли 2005 аз Русия карда будам, ҳамин тавр чанд нафар ҳамроҳам аз идома додани сафар даст кашида буданд. Дар аввал 10 нафар бо мо ҳамроҳ шуда буд, вале ду нафараш аз ҳамон Тоҷикистон моро тарк кард. Мо аз ин хафа намешавем, зеро Худо ба он бандаеаш қувват медиҳад, ки ба сафари ӯ розӣ ҳаст. Шояд аз ин ҳамроҳони боқимонда низ касе моро тарк кунад, аммо ҳеҷ гап нест. Ин ҳамааш дар дасти Худованд ҳаст"

Ин гурӯҳ, ки ҳоло 6 нафар боқӣ мондааст, дар шаҳри Нишопури Эрон қарор доранд. Дар давоми сафар онҳо марқади Фирдавсӣ дар Тус ва Умари Хайёмро дар Нишопур зиёрат кардаанд.

Ҳоло ҳайати боқимондаи ин гурӯҳ дар Нишопур аз ташхиси пизишкон гузаштаанд ва саломатиашон хуб арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG