Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА: "Дастрасӣ ба интернетро маҳдуд накунед"


Дуня Миатович, масъули озодии матбуот дар САҲА.
Дуня Миатович, масъули озодии матбуот дар САҲА.

Рӯзи 5-уми июл САҲА аз ҳукуматҳо дархост намуд, ки аз монеагузорӣ дар дастрасӣ ба интернет худдорӣ кунанд.

Масъули озодии матбоут дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Дуня Миатович рӯзи панҷшанбе дар як нишасти байналмилалӣ дар Туркманистон гуфт, интернет бояд анҷумани бози мардумӣ ба хотири озодии баён бошад.

Ӯ меафзояд, агар ҳукуматҳо аз амнияти шаҳрвандонашон нигарон бошанд, онҳо бояд ба омӯзиши интернет ва ташхиси меъёрҳои худ назорат ва таваҷҷӯҳ намуда, аз қатъи дастрасӣ ба интернет ҳамчун василаи назорати он худдорӣ кунад.

Рӯзи панҷшанбе ҳангоми суханронӣ аз минбари як конфронси воситаҳои ахбори
Як истифодабарандаи интернет дар Қазоқистон.
Як истифодабарандаи интернет дар Қазоқистон.
умум дар шаҳри Ашқободи Туркманистон, Миатович аз кишвари мизбони конфронс даъват кард, дар робита бо озодии матбуот қонунҳоеро тасвиб кунад, ки бо кӯмаки САҲА таҳия шудаанд.

Созмони дидбони ҳуқуқи башар Freedom House ( Хонаи Озодӣ) Туркманистонро дар рӯйхати ҳашт кишвари бадтарин дар соҳаи озодии баён шомил кардааст. Бахши асосии хабару таҳлилҳои расонаҳои Туркманистон ба қадрдониву таърифи президент Қурбонқулӣ Бердимуҳамадов бахшида шудааст.

Бо ишора ба ин сабабҳо Миатович таъкид кард, ки баргузории конфронс дар Туркманистон хеле муҳим аст: “Ин аввалин конфронси воситаҳои ахбори умуми Осиёи Марказӣ дар Ашқобод, дар Туркманистон аст. То ин замон чунин нишаст дар ин кишвар барпо нашуда буд. Аз ин рӯ, арзёбии озодии баён ар ин ҷо хеле муҳим аст. “

Миатович ёдовар шуд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сензураи расонаҳо маъмул аст ва конфронси Ашқобод бо паёме ба ҳукуматҳои минтақа муроҷиат хоҳад кард, то вазъро тағйир диҳанд: “Мо нақша дорем, як эъломияи муштарак ба тасвиб расонем. Ман мехоҳам онро ба панҷ вазири корҳои хориҷии кишварҳои
Моҳи июни соли равон дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории «Азия Плюс” муваққатан қатъ шуда буд.
Моҳи июни соли равон дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории «Азия Плюс” муваққатан қатъ шуда буд.
Осиёи Марказӣ ирсол намуда, таваҷҷӯҳи онҳоро ба масъалаҳое ҷалб кунам, ки дар маркази ӯҳдадориҳои кишварҳои узви САҲА дар соҳаи ҳимоят аз озодии баён қарор доранд.”

Моҳи гузашта дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории «Азия Плюс” муваққатан қатъ шуда буд. Тибқи хабарҳо мақомот аз шарҳи хонандагон, ки дар поварақи мақолаҳо ҷой дода мешавад, нороҳат шуда буданд. Ҳамин гуна дар моҳи март низ баъди нашри чанд мақолаи баҳсбарангез ва баррасии он дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар Тоҷикистон имкони вуруд ба баъзе сомонаҳо маҳдуд шуда буд.

Дар Қазоқистон бошад, вуруд ба бахши блогҳо ғайриимкон аст. Мақомот бо ишора ба саҳифаҳои ифротии мазҳабӣ, дастрасӣ ба ин платформаро мутаваққиф кардаанд.
XS
SM
MD
LG