Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Банди "тӯҳмату таҳқир" аз Кодекси ҷиноӣ берун шуд


Э.Раҳмон дар ҷаласаи бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик ба банди тӯҳмат даъват карда буд
Э.Раҳмон дар ҷаласаи бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик ба банди тӯҳмат даъват карда буд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ дар мавриди ҳазфи бандҳои марбут ба "тӯҳмат" ва "тавҳин"-ро ба имзо расонид.

Ҳамакунун моддаҳои тӯҳмату таҳқир аз қонунгузории ҷиноии Тоҷикистон хориҷ гардида, ба қатори қонуншиканиҳои шаҳрвандӣ шомил шуданд ва бо нашр шудан дар матбуоти расмӣ, ҳукми қонунӣ мегиранд.

Ҳазфи моддаҳои вобаста ба "тӯҳмат" ва "таҳқир" дар пайи ислоҳот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон иттифоқ афтод. Маҳофили хабарӣ ва рӯзноманигорони тоҷик низ аз ислоҳоти мазкур ба қонуни ҷиноии кишвар истиқбол карданд. Зеро аз чанд сол ба ин сӯ маҳз хабарнигорон буданд, ки дархости ҳазфи ин бандҳоро аз қонунгузории кишвар дар миён мегузоштанд.

Дар таърихи 10-уми марти соли ҷорӣ зимни як нишаст ба муносибати 100 солагии матбуоти тоҷик, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод карда буд ки моддаҳои 135 (тӯҳмат) ва 136 (таҳқир) аз Кодекси ҷиноии Тоҷикистон берун карда шаванд.

Бо ин ҳама, коршиносон мӯътақиданд, ки лағви ин бандҳо аз қонун, мавридҳои баҳси додгоҳӣ бо хабарнигоронро коҳиш хоҳад дод. Дар ҳоле ки дар гузашта чунин мавридҳо, ки барои нашри матолиби танқидӣ хабарнигорон маҳкум ба зиндон шуда буданд, ҷо доштанд. Намунаи равшани он, ба се соли зиндон ва 35 ҳазор сомонӣ муҷозот шудани Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори минтақаии нашрияи "Нури Зиндагӣ" аст, ки наздик ба як сол дар зиндон ба сар бурда ва гуноҳаш ҳам "таҳқир"- и як масъули додситони ноҳияи Ашт зимни нашри як матлаб буд.

Бо назардошти он, ки банди муҷозот барои тӯҳмат ва таҳқир аз қонуни ҷиноӣ ҳазф шуд, имкони қабули қонуни нави матбуот ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он низ бештар шудааст. Қонуни ҳозираи матбуоти Тоҷикистон дар 20 соли пеш, ҳанӯз дар соли 1990 аз сӯи порлумони Тоҷикистони Шӯравӣ қабул шуда буд. Аммо дар ин муддат чандин бор ба он тағйирот ва илова ворид намуданд.

Дар ҳафт-ҳашт соли пеш низ гурӯҳе аз созмонҳои журналистӣ бо пуштибонии созмонҳои байналмилалӣ тарҳе аз қонуни матбуотро барои қабул таҳия ва пешниҳод карда буданд, ки аз сӯи ниҳодҳо ва афроде, ки ҳаққи ташаббуси қонунгузорӣ доранд, дастгирӣ пайдо накард.
XS
SM
MD
LG