Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моддаи 137. Ҷазо барои тӯҳмату таҳқир ҳанӯз боқист?


Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, нафақат ду банди Кодекси ҷиноӣ, балки ҳамаи моддаҳои марбут ба тӯҳмату таҳқир поксозӣ шаванд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ниҳодҳои вобаста дастур дод, ки тарҳи ислоҳотро ҷиҳати аз банди 135 ва 136-и Кодекси ҷиноӣ лағв кардани моддаҳои "тӯҳмат" ва "таҳқир" омода кунанд. Ин ду банди қонуни ҷиноӣ бояд ба қонуни шаҳрвандӣ интиқол шаванд.

Яъне барои тӯҳмат ва таҳқир бар асоси ин ду банд, дигар алайҳи журналист ва ё гӯяндаи сухан парвандаи ҷиноӣ боз намешавад ва ин баҳсро додгоҳи шаҳрвандӣ файсала хоҳад кард. Албатта, дар сурати пазируфта шудани пешниҳоди раисиҷумҳур, он бо истиқболи маҳофили журналистӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Зеро то ҷое метавонад таҳдиди рафтан ба зиндонро коҳиш диҳад.

Аммо ин дар ҳолест, ки ҳуқуқдонҳо мегӯянд, агар ислоҳот ба Кодекси ҷиноӣ ба сурати бунёдӣ сурат нагирад, ин таҳдид ҳамчунон боқӣ хоҳад монд. Зеро банди 135 ва 136-и Кодекси ҷиноӣ муҷозот барои тӯҳмат ва таҳқирро ба сурати умумӣ пешбинӣ мекунад. Дар ҳоле ки дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон бандҳои дигаре ба ин монанд, ки муҷозот барои таҳкиқ ва тӯҳматро пешбинӣ мекунад, мавҷуд аст. Аз ҷумла, банди 137-и Кодекси ҷиноӣ муҷозоти то панҷ сол маҳрумият аз озодиро барои таҳқир ва тӯҳмати президенти Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад. Дар пешниҳоди раисиҷумҳур аз ислоҳи ин банд ҳарфе гуфта нашудааст.

Ҷунайд Ибодов, ҳуқуқдони тоҷик
Ҷунайд Ибодов, ҳуқуқдони тоҷик
Ҷунайд Ибодов, аз ҳуқуқдонҳои саршиноси Тоҷикистон мегӯяд, ин ислоҳот бояд ба манзури на танҳо ислоҳи як банди қонун бошад, балки бояд ҳамаи Кодекси ҷиноӣ аз ҳамин намуди ҷиноят поксозӣ шавад: "Албатта, ин дар шароити мо як иқдоми инқилобист. Аммо савол пайдо мешавад, ки чаро дигар моддаҳо не? Чаро моддаи 137 не? Он ҷо гап дар бораи президент меравад, бештар ин модда пеши назар меояд. Боз ғайр аз ин, чанд моддаи дигар аст, таҳқири суд, таҳқири мақомоти давлатӣ, таҳқири милиса ва ғайра. Чаро ин моддаҳо бояд ислоҳ нашаванд. Ба назарам, агар ҳамаи Кодекси ҷиноӣ аз ҳамин намуди таркиби ҷиноят пок шавад, бисёр хуб мешавад."

Ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, дар сурати ислоҳи танҳо ду банди Кодекси ҷиноӣ, танҳо шаҳрвандони оддӣ ҳаққи даъво барои алайҳи журналист кушодани парвандаи ҷиноиро нахоҳанд дошт. Вале бандҳои дигари ин қонун ба раисиҷумҳур, мақомоти давлатӣ, додгоҳҳо ва милиса ҳақ медиҳад, ки даъвое алайҳи рӯзноманигорон ворид кунанд. Барои ҳамин мегӯянд, коршиносон, Кодекс бояд ба сурати бунёдӣ аз ин вожаҳои "тӯҳмат" ва "таҳқир" озод шавад.

Иноят Иноятов, ҳуқуқдони дигари тоҷик ва коршиноси ҳуқуқии расонаҳо мегӯяд, ҳоло ин фурсат вуҷуд дорад ва бояд як коммисияе ба манзури таҳияи пешниҳодҳои раисиҷумҳур аз сӯи мақомот ва ҳуқуқдонҳои мустақил таъсис шавад: "Пас аз баромади президенти кишвар бояд як гурӯҳи корӣ таъсис шавад, ки вай ба омода кардани тарҳи Қонун дар барои даровардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси шаҳрвандӣ машғул шавад ва ин гурӯҳ бояд ҳамчунин банди 137-ро низ мавриди таҳқиқ қарор диҳад ва барои ислоҳи он ба президент мавқеъашонро баён кунанд."

Аммо бархе масъулони расонаҳо ба ин боваранд, ки пешниҳоди лағви ду банди тӯҳмат ва таҳқир бештар таҳти шароити созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст. Зеро созмонҳои ҳуқуқи башар ва аз ҷумла САҲА (ОБСЕ) борҳо аз Тоҷикистон хостори лағви ин бандҳо аз қонуни ҷиноӣ шуда буд. Баъид аст, ки мақомот ба ислоҳи ин ду банд бихоҳанд бандҳои дигари вобаста ба таҳқиру тӯҳмат алайҳи мақомотро низ лағв кунанд. Ва ҳамчунин биму ҳарос аз таъқиби ҷиноӣ дар зеҳни рӯзноманигрон боқӣ хоҳад монд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода
Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи "Наҷот" мегӯяд, "вақте мо ба Кодекс тағийрот ворид мекунем ва он ҷо шахсияти мақоми аршади кишвар дастнорас боқӣ мемонад, пас бо ҳар васила метавонад, ки иттиҳом ворид кунанд ва парванда боз намоянд."

Бар изофаи ин, дар банди шашуми Қонуни матбуоти Тоҷикистон низ, бар асоси ислоҳоти соли 1999 гуфта шудааст, ки "интишори маълумот ё ахборе, ки… шаъну эътибори давлат ва президентро халалдор месозад, дар воситаҳои ахбори омма манъ аст."

Ба гуфтаи таҳлилгарон, қонун бояд ҳаққи фитрии инсонро ҳимоят кунад, назири шараф ва номуси ӯро, аммо эътибор ҳаққи фитрии инсон нест, балки онро инсон бар асари пайкору фаъолияти худ ба даст меорад. Истифода аз ин банди қонун низ ҳамеша хабарнигоронро тарсондааст.

Ба ҳар ҳол, коршиносон мегӯянд, таҷрибаи муҷозоти ҷиноӣ барои тӯҳмат ва таҳқири мақомоти давлатӣ раҳбари давлат дар бархе аз ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ мавҷуд аст. Аммо қонунгузории Русия муҷозоти ҷиноӣ барои таҳқиру тӯҳмати раиси ҷумҳурро пешбинӣ намекунад. Дар кишварҳои аврупоӣ низ чунин муҷозоте вуҷуд надорад. Аммо коршиносон мегӯянд, шояд руасои ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Миёна ба чунин навъи ҳимоят ҳанӯз ниёз дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG