Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Яғноба обаш ширин..."


Radio Farda - Culture
Radio Farda - Culture

Дар ҳамоиши байналмилалӣ беш аз 50 муҳаққиқ роҷеъ ба таърихи суғдиёни қадим ва вижагиҳои фарҳанги Яғноб гузоришҳои мушаххас ироа карданд.

Дар ин ҳамоиш таҳти унвони «Суғдиёни қадим: дирӯз, имрӯз ва фардо» дар Душанбе гуфта шуд, мардуми минтақаи Яғноб, ки дар васати силсилакӯҳҳои Зарафшону Ҳисор ба сар мебурданд, солҳои 70-и қарни гузашта иҷборан ба дашти сӯзони Зафаробод кӯчонида шуданд.

Баҳриддин Ализода, муҳаққиқи тоҷик гуфт, ҳадафи асосии ин ҳамоиш ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии Яғноб аст. Ӯ гуфт, дар сурати ташкили як парки махсуси таърихӣ-этникӣ, ва иқтисодӣ дар Яғноб, ҳамин забону ҳамин фарҳанг ҳифз мешавад ва ҳифзи фарҳанги мардуми Яғноб - ин ҳифзи фарҳанги гузаштаи халқи тоҷик ва тамоми халқхои эронинажод аст.

Яғнобиён - тоҷиконе ҳастанд, ки дар як минтақаи дурдасти кӯҳистони тоҷик аз таҳоҷуми Чингизхону Искандари Мақдунӣ фарҳангу забони аҷдоди тоҷикон –суғдиёни қадимро то имрӯз ҳифз кардаанд. Ба андешаи муҳаққиқон, забони яғнобӣ аз забони суғдӣ бозмонда, яке аз қадимтарин забонҳои дунё ба шумор меравад.

Муҳаққиқон перомуни таъриху фарҳанг ва забони Яғноб таҳқиқоте анҷом додаанд.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки бояд давлат ва созмонҳои байналмилалӣ барои ҳифзи забонҳои кӯчак ва бостонии то кунун дар Тоҷикистон монда, ба мисли забони яғнобӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунанд.

Ба гуфтаи Сайфиддин Мирзозода, яғнобшиноси тоҷик, кӯч бастани 5000 мардуми кӯҳистони Яғноб ба сарзаминҳои ҳамвор дар солҳои 70 бо иқдоми ҳизби коммунист ба забону фарҳанги яғнобиён таъсири манфӣ расонида, анқариб барои ба нестӣ расидани забони яғнобӣ сабаб шудааст. Ӯ гуфт, дар солҳои аввал вақте боду ҳаво ба яғнобиёни аз кӯҳистон омада мусоидат накард, муриши яғнобиён ниҳоят зиёд шуд. Мардум фурсат намеёфтаанд, ки дар як рӯз чанд мурдаро гӯр кунанд.

Феълан, дар Яғноб беш аз 500 нафар ба сар мебаранд.

Алъон, мушкилоти фаровони иҷтимоию иқтисодӣ, аз қабили адами роҳи мошингард ба минтақаи Яғноб, мавҷуд набудани шароити таҳсил, нуқтаҳои тиббӣ ва маркази тиҷоратӣ сокинони ин минтақаро домангир будааст.

Мутахассисони Барномаи рушди СММ ҳисоб карданд, ки барои эҳёи пурраи Яғноб ҳудуди ним миллион доллари амрикоӣ зарур аст.

Як сокини Яғноб гуфт, барои рушди ин водӣ чанд лоиҳа тартиб дода ба чанд созмони байналмилалӣ муроҷиат кардааст, аммо лоиҳаҳои ӯро маблағгузорӣ накардаанд.

Рамазон Абдулатипов, сафири Русия дар Тоҷикистон, ки дар ин ҳамоиш хузур дошт, ҳифзи забону фарҳанги Яғнобиро зарур шуморида, ваъда дод, ки барои эҳёи Яғноб кӯмаки молӣ мерасонад. Ӯ гуфт:

«Наҷоти Яғноб наҷоти осори тамадуни мост. Ман инро ҳамин гуна қабул мекунам. Мо бояд фарҳангу забони Яғнобро ҳифз карда, ба эҳёи он кӯмак кунем. Касе ба ин кор машғул мешавад, кори хайре анҷом медиҳад. Ин минтақа бояд барои ҷаҳонгардӣ ҷудо шуда, ҳифз шавад. Ва дар ин ҷо шароити қабули сайёҳон ташкил шавад. Мутаассифона, ба ин минтақа ҳатто роҳи мошингард намеравад. Ман ҳамчун сафири Русия дар Тоҷикистон эълом медорам, ки мо омодаем, барои эҳёи Яғноб кӯмак кунем, ки он ҳамчун осори суғдиёни қадим ҳифз шавад.»

Ҳамчунин, намояндагони сафорати Ҷопон ва Фаронса низ ваъдаи кӯмак барои эҳё ва рушди Яғноб карданд.

XS
SM
MD
LG