Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг ва сулҳи тоҷикон дар аксҳо


Имрӯз, 27-уми июн, аз имзои созишномаи умумии сулҳ миёни ҳукумат ва мухолифини собиқ 15 сол сипарӣ шуд.

Аз имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризояти миллӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифони собиқ 15 сол гузашт. Созишномаи сулҳ ва оштии миллӣ рӯзи 27-уми июни соли 1997-ум дар шаҳри Маскав аз сӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ва раҳбари ИНОТ, марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ба имзо расида буд.

Ҳукумати Тоҷикистон ин санаро ба унвони рӯзи Ваҳдати миллӣ дар феҳристи ҷаншҳои расмӣ ворид кардааст ва ҳамасола ин сана бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Имзои ин созишнома дар 15 соли пеш ба ҷанги панҷсолаи харобиовари дохилӣ (1992-1997) дар Тоҷикистон нуқта гузошт, ки бино ба омори тахминӣ беш аз 150 ҳазор кушта бар ҷой гузошта ва ҳудуди 7 миллиард доллар хисорот ворид кардааст.

(Бархе аз ин аксҳоро хонадони марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дастраси мо намуданд)

XS
SM
MD
LG