Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвири сулҳи тоҷикон аз нигоҳи дипломати қирғиз


Эрик Асаналиев, сафири собиқи Қирғизистон дар Тоҷикистон.
Эрик Асаналиев, сафири собиқи Қирғизистон дар Тоҷикистон.

Розҳои ниҳони раванди имзои созишномаи сулҳ дар гуфтугӯи Эрик Асаналиев, сафири пешини Қирғизистон дар Душанбе.

Эрик Асаналиев, сафири собиқи Қирғизистон дар Тоҷикистон, яке аз дипломатҳои камшуморест, ки дар тамоми даврҳои музокироти сулҳи тоҷикон ҳузур доштааст. Ҷузъиёти пинҳон аз ин музокиротро ӯ дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ ошкор кард.

Радиои Озодӣ: Нақши кишварҳои кафил дар раванди оштии тоҷикҳоро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Эрик Асаналиев: “Дар ҷараёни музокироти сулҳи тоҷикон ба ҳайси намояндаи кишвари кафили сулҳ ширкат доштам ва маҳз бо мусоидати ин кишварҳо ва бахусус худи ҳайати ҳукуматӣ ва нерӯҳои мухолифини пешин созишномаи сулҳи тоҷикон имзо шуд ва он рӯзҳои мудҳиш дар Тоҷикистон ба поён расиданд. Таври маълум, ба гурӯҳи кишварҳои кафили сулҳ Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Эрон, Афғонистону Покистон ва Узбакистон шомил буданд. Нақши ин кишварҳо чӣ буд? Онҳо ба ҳайси кишварҳои кафил ва ҳамсоя бо нишон додани ҳусни ният, ба ҳайси миёнҷӣ дар ҳалли муноқишаи тоҷикон мусоидат мекарданд, яъне ҷараёни иҷрои созишҳо байни ду тарафро назорат мекарданд. Ман дар тамоми даврҳои музокирот ҳузур доштам ва метавонам бепарда бигӯям, ки ин музокироти бисёр сахту мушкил буд. Баъзан то соати 6-и субҳ идома мекарданд. Ман дар ёд дорам, ки дар вазорати умури хориҷии Русия музокирот то соатҳои 6 ё 7-и бомдод идома кард ва ман мушоҳида кардам, ки Муҳаммадшариф Ҳимматзода (муовини собиқи раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон) рӯзномаеро хонда ва варақҳояшро бармегардонд. Дар онҷо ҳеҷ шароите барои намозгузорӣ набуд. Ӯ ҳамон варақи рӯзномаро, ки акс надошт, паҳн кард ва рӯи он намоз гузошт. Баъд аз ин, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода низ ҳамин корро кард."

Радиои Озодӣ: Ҳамин раҳбарони мухолифони пешин ва ҳукумати Тоҷикистон то куҷо дар тасмимгириҳои худ мустақил буданд ва ё масалан аз тарафи Русия ва ё Эрон ҳидоят мешуданд?

Эрик Асаналиев: “Дар воқеъ, ҳайатҳои ҳарду тараф салоҳиятҳои муайян доштанд, вале айни замон бояд мавқеъву талабҳои хешро ҳифз мекарданд. Талабҳои онҳо он қадар сиёсӣ ва сахт буд, ки бояд онҳоро нармтар мекарданд ва ба тарафҳо имкон медоданд, мавқеъҳои якдигарро дарк ва қабул кунанд. Аз ин рӯ, музокирот дар аввалҳо пуршиддат буд, аммо баъдан тағйир ёфт, яъне аз масоили соддатар ба сахттар мегузаштанд. Аз рӯзҳои аввал як масъала - имзои протокол дар бораи масоили сиёсӣ буд ва як ҳадафи он эътирофи ҳизби исломӣ, яъне Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон буд. Аввал ҳайати ҳукуматӣ ба ин талаб розӣ набуд, вале дар ниҳояти амр, ин масъала ҳал шуд ва протоколи мазкурро дар шаҳри Бишкек имзо карданд. Туркманистон ҳам бо нияти нек чандин бор давраҳои музокиротро дар Ишқобод баргузор кард. Наметавонем ин ҳамаро бенатиҷа бигӯем, зеро имзои ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи идомаи музокироти сулҳ, агарчӣ қадами хурде ҳам буд, вале қадаме ба пеш буд. Дар давраҳои аввали сахти музокирот ва тақсими масоил ба бахшҳову ҳалли онҳо, аз ҷумла қатъи ҷанг, тақсими кӯмакҳои башарӣ, баргардонидани паноҳандагон ба он расонд, ки ба масъалаи сиёсӣ бирасем. Ин давраҳои музокирот дар Эрону Русия, Туркманистону Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор шуд. Охирин даври музокирот дар остонаи имзои созишномаи сулҳ дар Бишкек дар моҳи майи соли 1997-ум баргузор шуд."

Радиои Озодӣ: Воқеан протоколи муҳими масоили сиёсӣ дар Бишкек имзо шуд ва мегӯянд, ки Аксар Акаев, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон, бо вуҷуди он ки модараш даргузашта буд, музокиротро мизбонӣ кард ва тавонист, Сайид Абдуллоҳи Нуриро моил кунад, ки ба протоколи сиёсӣ имзо гузорад?

Эрик Асаналиев
Эрик Асаналиев
Эрик Асаналиев: “Дар ҳақиқат, вақте мо тарафҳоро барои музокирот ба Бишкек даъват кардем, модари Аскар Акаев фавтид, вале бо вуҷуди ин ӯ хоҳиш кард, ки музокиротро ду рӯз дертар баргузор кунем. Ҳарду тараф розӣ шуда ва омаданд ва се шабу рӯз сахт кор кардем ва гардиши куллӣ дар ҷараёни музокирот ба амал омад ва протокол доир ба масоили сиёсӣ имзо шуд. Имзои ин протокол имкон дод, ки тақрибан як моҳ баъд Созишномаи умумии сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон имзо шавад. Баъд аз ин ҳукумати мусолиҳаи миллӣ таъсис шуд ва ин раванд низ таҳти назорати кишварҳои кафили сулҳ чанд сол идома кард ва сипас вазъ ба маҷрои оддӣ ворид шуд. Ҳоло ончӣ ки ман дар манотиқи Тоҷикистон ва Душанбе мебинам, дар муқоиса ба он солҳо комилан чизи дигар аст. Ин як дастоварди тамоми миллати тоҷик аст ва набояд гуфт, ки ин гунаҳкор асту он не. Дар ҷанги шаҳрвандӣ касе мағлубу ғолиб нест, ғолиб таърих ва миллати тоҷик аст. Дастоварди имрӯза натиҷаи он аст, ки ҳарду тараф дарк карданд, ки бояд сари мизи музокирот биншинанд ва хостаҳои худро ба дигар ҷо баранд, баҳс кунанду созишномаи сулҳро ба имзо расонда, ба мардум имкон диҳанд, ки орому осуда зиндагӣ кунанд."

Радиои Озодӣ: Чаро ягон даври музокироти сулҳи тоҷикон дар Узбакистон баргузор нашуд. Онҳо мизбонӣ кардан намехостанд, ё тарафҳои музокирот майле ба Тошканд надоштанд?

Эрик Асаналиев: “Ҳарду тараф майли чандоне надоштанд. Масалан, вақте шаҳри Алмаато мегуфтанд, розӣ мешуданд, Ашқобод даъват мекарданд, мерафтанд, аксаран мехостанд дар Бишкек баргузор шавад. Дар Бишкек нишастҳои ғайрирасмӣ ва расмӣ ҳам буд ва сахттарин музокирот дар ҳамин Бишкек буд. Протоколи сиёсиро, ки натавонистанд дар Русия, Эрон, дар Покистону Афғонистон натавонистанд, дар ниҳоят баъди се рӯз дар Бишкек имзо карданд."

Радиои Озодӣ: Дар рӯзи Ваҳдати миллӣ ба тоҷикон чӣ орзу доред?

Эрик Асаналиев: “Бо истифода аз фурсат, ки рӯзи 27-уми июн дар Тоҷикистон 15-умин солгарди имзои созишномаи сулҳ таҷлил мешавад, мехоҳам ба тамоми мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ, муваффақият ва муҳимтар аз ҳама сулҳу оромӣ орзу дорам. Паёмадҳои он муноқиша маълум аст, одами зиёде беҳуда нобуд шуданд, сарнавиштҳои зиёде сӯхт, то чӣ ҳад иқтисоди кишвар хароб шуд. Мо аз ёд набарем, ки ҷанги шаҳрвандӣ ва нафаҳмидани ҳамдигар дар ҷомеа чӣ оқибатҳое дошта метавонад. Бояд ҳамеша хирад пирӯз шавад. Аз ин рӯ, ба ҳамаи Шумо тоҷикистониёни дӯстдоштаи ман муввафақият мехоҳам."

Эзоҳ: Эрик Асаналиев ҳоло сафири Қирғизистон дар Ҷумҳурии Беларус, Латвия ва Литва аст ва дар як нишаст дар Минск дар мавриди 15-солагии имзои созишномаи сулҳи тоҷикон суханронӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG