Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сомонӣ гузашт - барои тоҷирони бозори Кӯлоб


Аксри рӯзи 21 июн, бозори марказии Кӯлоб
Аксри рӯзи 21 июн, бозори марказии Кӯлоб

Маъмурияти бозори марказии Кӯлоб арзиши нархи иҷораи нуктаи савдоро 1 сомонӣ поён бурд.

Тавре тоҷирон дар тамос бо радиои Озодӣ гуфтанд, акнун бар ивази 6 сомонӣ маъмурияти бозор аз онҳо 5 сомонӣ ҳаққи иҷораи рӯзона талаб хоҳанд кард. Вале ин коҳиши қимат ҳам барои тоҷирон қобили қабул набудааст. Маъмурияти бозор гуфтааст, ки ин қарори онҳо мувақатист ва ин тасмими ниҳоии буда наметавонад.

Рӯзи 20 июн садҳо тоҷири бозори марказии Кӯлоб ба нишони эътироз аз болоравии қимати иҷораи макони фурӯши молашон даст ба корпартоӣ заданд ва гуфтанд, ки то замони бозбинӣ шудани нархномаҳо сари кор барнахоҳанд гашт.

Дар бозори Марказии Кӯлоб беш аз ҳазор тоҷир машғули тиҷоратанд ва мояи норизоияти онҳо қимати босуръат афзояндаи кирояи макони тиҷорат шудааст. Дар сӯҳбат бо Озодӣ тоҷирон шарҳ доданд, киаз аввали соли ҷорӣ нархи иҷора барои ҳар рӯзи корӣ аз 3 то 6 сомонӣ боло бурда шудааст. Тоҷирон мегӯянд, ки чунин болоравии қимати иҷора бар зарари онҳо меанҷомад ва онҳо дигар розӣ нестанд, ки дар чунин шароит кор кунанд. Тибқи иттилои “Азия-Плюс”, рӯзи душанбе, 18 июн, ду рӯз пеш аз эътирози тоҷирони кӯлобӣ, Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб ба тоҷирон пешниҳод кардааст, ки ба бозори дигаре бо номи “Сахӣ”, ки се соли пеш дар канори шаҳр бунёд шудааст, бираванд ва маъмурияти бозор онҳоро то шаш моҳ аз пардохти ҳамагуна молиёт озод хоҳад кард. Вале ин пешниҳод ҳам барои савдогарон ғайри қобили қабул будааст.

Ҳукумати маҳаллӣ мехоҳад, шумораи тоҷирони бозори марказии Кӯлоб коҳиш ёбад, зеро ин бозор дар маркази шаҳр қарор дошта, шумораи зиёди харидорону фурӯшандаҳо рафтуомади мошинҳо ва роҳгузаронро мушкил кардааст. Пешниҳоди ба ин бозор рафтан се сол боз дар миён аст, аммо тоҷирон тарк кардани ҷои аслии худ ва рафтан ба бозорри навро қабул надоранд.

Самад, як тоҷире, ки мегӯяд, барои муваққат ба бозор баргаштааст, нархномаи навро қабул надорад. Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ мегӯяд, ки дар сурати фишори бештар тиҷоратро қатъ мекунад ва омода аст ба мақомоти болотар шикоят барад. Тоҷирон мегӯянд, ки даромади онҳо аз фурӯши мол хеле ночиз буда, ба сахтӣ барои таъмини ғизо кифоят мекунад. Як тоҷир бо номи Дилшод шарҳ дод, ки афзоиши нархи иҷозатномаи савдо низ як мушкили дигари кормандони бозор аст: "Патенти савдо дар се моҳи пеш 65 сомонӣ буд. Ҳоло нархи онро 115 сомонӣ кардаанд. Садҳо бор мактуб кардем, вале ҳеҷ фоидае нашуд", гуфт вай.


Раҳмоналӣ Бозоров, сармуҳосиби Идораи "Тоҷикматлубот", ки бозори марказии Кӯлоб ба он тааллуқ дорад, дар сӯҳбат бо Озодӣ дирӯз гуфт, ки болоравии нарх дар пайи шикояти тоҷирони бозор ба мақомоти гуногун ба амал омадааст. Ӯ мегӯяд, "тоҷирон ариза навишта, аз баланд будани нархи иҷораашон шикоят карданд, вале Хадамоти зиддиинҳисорӣ муайян кард, ки мо аз савдогарони ҳанӯз ҳам маблағи камтар мегирем. Хадамот таҳлил кард, ки нархи сӯзишворӣ баланд шудааст ва маҳсулот ҳам қиммат шудааст, пас, чаро нархи иҷора баланд нашавад? Мо аз пеши худ ин корро накардаем, балки нархномаи пешниҳодкардаи Хадамоти зиддиинҳисориро дар даст дорем."

Ин барои нахустин бор нест, ки тоҷирони бозор дар Кӯлоб норозигӣ мекунанд. Дар се моҳи пеш низ тоҷирони Маркази савдои "Лола" маҳз бо чунин сабаб даст ба эътирозу корпартоӣ зада буданд.
XS
SM
MD
LG