Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шумори хабарсозтарин раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) дар мақоми 13-ум, як зина қафотар аз Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, ҷо гирифтааст.
Рейтинги хабарсозтарин раисиҷумҳури кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро хабаргузории русии "Регнум" якҷоя бо ширкати "Медиалогия" дар асоси як назарсанҷӣ тартиб додааст.
Бар асоси ин назарсанҷӣ, ки аз 1 то 31-уми майи соли ҷориро дар бар гирифтааст, раҳбарони Украина, Беларус ва Қазоқистон – Виктор Янукович, Александр Лукашенко ва Нурсултон Назарбоев мутаносибан се ҷои аввалро ба худ ихтисос додаанд.
Бар асоси хабари чопшуда дар торнамои "Регнум" дар рӯзи 20-уми июн дар ин давраи барои назарсанҷӣ пешбинишуда дар расонаҳои русӣ исми ин се нафар бештар бурда шудааст.
Зимнан, Нурсултон Назарбоев ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ роҳбарии Қазоқистонро бар ӯҳда дорад ва Александр Лукашенко низ дар шумори "президентҳои дарозумр"-и паҳнои Шӯравӣ дохил мешавад. Назарсанҷӣ ба манзури муайян кардани хабарсозтарин роҳбари кишварҳои узви ИДМ (СНГ) аз тарафи "Регнум" сари ҳар чанд вақт сурат мегирад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тақрибан бист сол инҷониб зимоми қудрат дар кишварро дар даст дорад. Вай нахуст соли 1992-юм ба унвони раиси Шӯрои олӣ интихоб шуд ва сипас дар соли 1994 бо баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба курсии президентӣ нишаст.
Ҷаноби Раҳмон дар интихоботи президентии солҳои 1999 ва 2006-ум низ номзадии худро пешбарӣ карда, пирӯз шуд ва ҳамин тавр дар маснади президентӣ боқӣ монд. Аз ҳоло Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, эълом карда, ки дар интихоботи соли 2013-ум низ ӯ сабқат хоҳад кард.