Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи истифода аз Интернет дар Тоҷикистон боло рафт


Аз оғози моҳи июни соли ҷорӣ қимати истифода аз Интернет дар Тоҷикистон беш аз чаҳор дарсад боло рафтааст.

Дар ин бора Парвина Ибодова, раиси Анҷумани фароҳамгарони Интернет дар Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ин амр дар ҳоле сурат мегирад, ки додгоҳ ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернетро барои пардохти андози аксизӣ (3%) муваззаф кардааст.

Хонум Ибодова мегӯяд, якуним соли пеш Кумитаи андози Тоҷикистон аз ширкатҳои интернетрасон ва мобилии кишвар талаб карда буд, то 3 дарсад андози аксизиро пардохт кунанд. "Ширкатҳои мобилӣ аз ҳамон давра ба пардохти ин намуди андоз шурӯъ карданд. Аммо ширкатҳои дастраскунандаи Интернет тасмими мазкурро ғайриқонунӣ арзёбӣ намуда, ба додгоҳ шикоят бурданд ва аз пардохти он сарпечӣ карданд",-мегӯяд Парвина Ибодова.

Инчунин, онҳо дар тӯли ин муддат ба порлумон, раисиҷумҳур ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон муроҷиат карда, хостори бекор кардани андози аксизӣ барои фароҳамгарони Интернет шудаанд. Хонум Ибодова мегӯяд, "аммо ин талошҳо бенатиҷа буда, акнун сар аз моҳи ҷорӣ (июн) бо қарори додгоҳ ширкатҳои интернетрасон бояд ба буҷаи давлат 3 дарсад андози аксизиро ҳам пардохт намоянд."

Парвина Ибодова
Парвина Ибодова
Парвина Ибодова афзуд, додгоҳ ин ширкатҳоро ҳамчунин муваззаф кардааст, ки андози мазкурро барои соли 2011-ум ва шаш моҳи соли 2012-ум низ аз ҳисоби даромадҳои худ пардохт намоянд. Ба қавли ӯ, бори андози аксизӣ ба дӯши муштариён меафтад.

Эҳтимол пардохти қарзи якунимсолаи андози аксизӣ ширкатҳои хурди интернетрасони Тоҷикистонро ба мушкил рӯбарӯ хоҳад кард. Порлумони Тоҷикистон қонун дар бораи андози аксизӣ барои фароҳамкунандадони Интернет ва ширкатҳои мобилиро ҳанӯз моҳи ноябри соли 2010 тасвиб карда буд.

Он замон вазири молияи Тоҷикистон, Сафаралӣ Наҷмуддинов, гуфта буд, ки роҳандозии андози аксизии сефоиза ба давлат имкон медиҳад, солона 30 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ба буҷа ворид намояд. Ин маблағҳо ба гуфтаи вазир, барои коҳиши мизони камбизоатӣ равона хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир як қисми сокинони Тоҷикистон ба Интернет дастрасӣ доранд ва он дар як соли ахир рӯ ба густариш будааст. Аммо гуфта мешавад, болоравии қимати Интернет метавонад то андозае сафи корбарони шабакаи ҷаҳонии Интернет дар Тоҷикистонро коҳиш бидиҳад.
XS
SM
MD
LG