Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров барои гуфтугӯ дар бораи Сурия ба Эрон меравад


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.

Вазири умури хориҷии Русия ба Теҳрон меравад, то Ҷумҳурии Исломиро ба конфронси байналмилалии Сурия давъат кунад.

Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, рӯзи чоршанбе ният дорад, барои баррасии як силсила масоил, аз ҷумла, музокироти навбатии Эрону шаш қудрати ҷаҳонӣ ва барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ ба Теҳрон сафар кунад.

Бино бар баёнияи вазорати умури хориҷии Русия, Сергей Лавров дар ин сафар тасмиму пешниҳодҳои Русия барои мизбонии конфронси байналмилалӣ дар робита ба вазъи Сурияро низ бо мақомоти Эрон музокира хоҳад кард. Ин эъломия дар идома мегӯяд, Эрон нуфузи зиёде дар Сурия дорад ва яке аз кишварҳоест, ки бояд дар конфронси байналмилалии Сурия ба мизбонии Маскав ҳузур дошта бошад.

Дар идомаи баёния мехонем, Русия намояндагони 15 кишварро барои ҳузур дар ин конфронси байналмилалӣ даъват кардааст, аз ҷумла Амрико, Фаронса, Бритониё, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Лубнон, Урдун, Ироқ ва Туркияву Эронро. Дар ин конфронс мавзӯи бӯҳрони ҳастаӣ, вазъи Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ ва ҳам марҳилаи гузори ҷаҳони Арабу Сурия баррасӣ хоҳад шуд. Ин мулоқот рӯзҳои 18 ва 19-уми июн дар Маскав дар назар аст.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи шанбе, 9-уми июн, аз тариқи телевизиони давлатии ин кишвар гуфт, гуфт, "маҳрум кардани Эрон аз ифои нақше дар музокирот ба манзури ҳаллу фасли бӯҳрони Сурия беандешагист." Эрон ҳампаймони низоми Башор Асад аст ва борҳо ҳимояти худро аз он эълом доштааст. Ғарб ва мӯътаризони Сурия, Эронро муттаҳам ба кумак ба давлати Сурия дар саркӯби эътирозгарони ин кишвар мекунанд.

Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши охирини худ шумори кушташудагон дар Сурия, аз замони оғози эътирозҳо дар ин кишварро, беш аз 13 ҳазор нафар донистааст.
XS
SM
MD
LG