Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Поси ошноиҳо". Ёде аз равоншод Одинаи Ҳошим


Имрӯз, 13-уми июн, ба зодрӯзи устоди ҳунари тоҷик, шодравон Одинаи Ҳошим 74 сол пур мешавад.

Салими Хатлонӣ, шоири тоҷик, китоби тозаи худро дар бораи Одинаи Ҳошим рӯи чоп овард. Ӯ дар китоби "Поси ошноиҳо" ашъори шоиронеро, ки равоншод Одинаи Ҳошим оҳанг баста ва сурудааст, ба баррасӣ гирифтааст.

Пажӯҳиши Салими Хатлонӣ собит карда, ки дар воқеъ Одинаи Ҳошим ашъори бузургони форсу тоҷикро дар лаҳни ниёиши фалак ончунон ба мардум расонидааст, ки оҳангу иҷрои сурудаш беназир буда ва ба дилҳо суруру нишот бахшидааст.

Ба андешаи Хатлонӣ, маҳз истеъдоди худодод ва ҳамзамон фарҳангу маърифати баланди маънишиносии равоншод Одинаи Ҳошим боиси он шудааст, ки вай тавонистааст, ашъори ин бузургонро ҳифз ва бо тамоми нозукӣ бисарояд, ки то кунун қалби инсонҳоро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи Тоҷикистон тасхир кардааст. Салими Хатлонӣ иддаои бархе аз касонеро, ки ба нерӯи ҳофизаи Одинаи Ҳошим ҷиҳати аз бар кардани ашъори бузургони форсу тоҷик ба назари шубҳа менигаристанд, рад карда ва гуфт, "вақте аз устод Одинаи Ҳошим пурсиданд, ки дуруст аст, ки Шумо ҳазор байт медонед? Вай дар посух гуфт, на ин дурӯғ аст. Ин соли гузашта буд, ки ман ҳазор байт медонистам, имсол он ба ду ва се ҳазор расидааст."

Одина Ҳошим-аз чап
Одина Ҳошим-аз чап
Хатлонӣ мегӯяд, бо он ки равоншод Одинаи Ҳошим дар охирон солҳои ҳаёташ, ранҷ дид ва аҳли фарҳангу ҳунар низ кам ба суроғаш меомаданд, аммо танҳо тасалло ва таскинбахши қалбаш девони Мавлоно ва ашъори ноби бузургон буд, ки бо вуҷуди дардмандиҳо сурудҳоеро, ки таҷассумгари лаҳзаҳои охири ҳаёташ буд, сароидааст.

Ба таъкиди ин шоири тавонои тоҷик ҳанӯз сурудаҳои зиёде аз равоншод Одинаи Ҳошим дар ганҷинаи хонаводагиаш маҳфузанд, ки то ҳол рӯи навор наомадаанд. Салими Хатлонӣ хулоса мекунад, ки устод Одинаи Ҳошим, бузургтарин мактаби фалаксароӣ ва сурудани муноҷот аст ва касе дар ин жанрҳо ба ӯ баробар шуда наметавонад.

Одинаи Ҳошим аз бузургтарин сарояндагони сабки роғӣ ва фалак дар садаи бистум буд. Вай дар 56 соли умри худ ҳудуди 30 сол рӯи саҳна буд ва наздики 500 тарона иҷро кард. Аксари таронаҳои ӯ бар матни шоирони классики форсу тоҷик эҷод шудаанд. Эҳтирому шӯҳрати Одина Ҳошим хеле фаротар аз Тоҷикистону Шӯравӣ рафта буд. Ба дунболи суқути Шӯравӣ Одина Ҳошим аз нахустин афроде буд, ки фарҳангу ҳунари тоҷикро дар Эрон муаррифӣ карда ва дар он кишвар мухлисони зиёде дошт.

Одинаи Ҳошим дар соли 1993 дар авҷи нооромиҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон дар синни 56 солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Аммо бо номаш танҳо як хоҷагӣ дар зодгоҳаш, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, вуҷуд дорад. Нигаронии бештари соҳибназарон низ он аст, ки магар намесазад, то муасиссае, донишкадае ва ё ниҳоди фарҳангие бо исми ин бузургвори аҳли ҳунару маънӣ гузошта шавад?!

Одина Ҳошим: "Донам, ки агар пагоҳ мемирам ман..."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:58 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG