Ҳунарманд дар ёди мухлисони санъат ҳамчун фалаксарои нотакрор боқӣ мемонад. Ба гуфтаи масъулини идораи фарҳанги Бадахшон, ҳунарманд аввал дар ансамбли этнографии «Помир» ва сипас театри мусиқи-маҳзакавии Хоруғ маҳбубият касб кард.
Ҳунарманди шинохтаи театр Бахтиёр Мавлододов, Султонмаҳмудро фалаксарои нотакроре мешуморад, ки бидуни микрофон бо овози баланду хуш ва марғубаш дили мухлисонро тасхир ва толорҳоро ба ларза меандохт. Бахтиёр Мавлододов гуфт, ҳангоме, ки дар Суғду Хатлон сафарҳои ҳунарӣ анҷом медодем ва Султонмаҳмуд мехонд, мухлисон шефтаи садои хушу баланди сароянда шуда, беихтиёр аз ҷо хеста кафкубӣ мекарданд. Вай афзуд, Султонмаҳмуд дар фалаксароӣ сабки хоси худро дошта, ба ин ҳунараш ҳофизони маҳбуби мардумӣ чун Одина Ҳошим баҳои баланд доданд.
Сурудҳои ҳофиз «одам гул аст, лек намерӯяд аз замин» ва «20 миллион» бахшида ба қурбониёни ҷанги дуввуми ҷаҳони аз писандидатаринҳо байни мухлисони радиои вилояти маҳсуб мешаванд. Аммо сароянда бештар ашъори шоирони классикӣ Ҳофизу Саъдӣ ва Мавлои Румро тараннум мекард ва бо ин сурудаҳо дар дили шунавандагон ҷой гирифтааст.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ба хотир ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоти фарҳанг ва ҳунармандон, овозхони шинохта муддате дар майдони назди шаҳрдорӣ даст ба гуруснанишинӣ зада буд. Ба гуфтаи ҳунарпешаи театри вилоятӣ Мазорбон Ёрбеков, ҳангоме, ки барои театр ва фарҳанг рӯзҳои душвор сар шуданду дар театр ба далели ба синни нафақа расидан, кафши иддае аз ҳунармандонро пеш гузоштанд, овозхон барҳақ мешумурд, ки барои бархе аз ҳунарманди асил камолоти эҷоди нав фаро расид, аммо тасмими мақомот дар мавриди ба нафақа гусел карданашон ба гуфтааш «шасти онҳоро дар синни шаст шикаст».