Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон истеъфои Путинро талаб карданд


Рӯзи 12-уми июн даҳҳо ҳазор нафар дар Маскав ба раҳпаймоии фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамроҳ шуданд.

Тазоҳуркунандагон дар ҷараёни "Марши миллионҳо" дар Маскав эъломияеро бо номи "Манифести Русияи озод" ба тавсиб расонданд ва истеъфои раисиҷумҳури Русия, Владимир Путинро талаб карданд.

Дар эъломияи мухолифон даъват мешавад, ки Қонуни асосии Русия ва натиҷаҳои интихоботи президентии ин кишвар мавриди бознигарӣ қарор гирифта, интихоботи ғайринавбатии порлумон баргузор гардад. Дар ин гирдиҳамоӣ талаб шуд, ки раҳбарони мамлакат аз мақомҳои худ истеъфо диҳанд, маҳбусони сиёсӣ озод шаванд, сензура барҳам хӯрад ва қонуни нави зидди ҷамъомадҳои оммавӣ бекор гардад. Дар гирдиҳамоӣ Сергей Удалтсов, Борис Немтсов, Михаил Касянов, Дмтирий Гудков, Евгения Чирикова ва дигарон сухан карданд. Дар худи ҳамин гирдиҳамоӣ ба Удалтсов ва Немтсов даъватномаи Кумитаи тафтишот супурда шуд ва қарор аст, додситонҳо онҳоро дар робита ба бетартибиҳо дар майдони Болотная бозпурсӣ кунанд.

Раҳпаймоии мухолифони раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин аз майдони ба номи Пушкин сар шуда, дар хиёбони ба номи Сахаров ба поён расид. Полис шумораи ширкаткунандагони раҳпаймоиро наздик ба 18 000 нафар унвон кард, вале такшилкунандагони тазоҳурот мегӯянд, бо даъвати онҳо аз 30 000 то 100 000 нафар ба кӯча баромадаанд. Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия Владимир Лукин гуфтааст, ки дар раҳпаймоӣ 100 000 нафар ширкат кардаанд. Аз хушунат ё даргирие хабар нарасидааст.

Мақомоти Маскав ҳарчанд ба ин маърака иҷоза додаанд, барои таъмини амният ҳазорон корманди полисро дар масири раҳпаймоӣ гирд овардаанд. Сарони мухолифон мегӯянд, ҳар дафъа беназмию даргириҳо баъд аз мудохилаи полис шурӯъ шуда, бо ҳабси сарони тазоҳурот анҷом ёфтааст. Дар лаҳзаҳое ки гирдиҳамоӣ идома мекард, президент Путин дар шабакаи аввали телевизиони Русия зоҳир шуд ва талош кард, ба баъзе аз талаби мухолифон посух диҳад. Вай гуфт, «Мо ягон чизеро қабул карда наметавонем, ки боиси заъфи кишвари мо шавад ё ҷомеаро ба гурӯҳҳо тақсим кунад.» Вай гуфт, давлат «қарор ва аъмолеро, ки метавонад ба такони иҷтимоӣ ва иқтисодӣ сабаб гардад, таҳаммул нахоҳад кард."

Дар арафаи раҳпаймоии “Марши миллионҳо” бархе раҳбарони мухолифон мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанд. Иля Яшин, раҳбари Ҷабҳаи чап Сергей Удалтсов, блогнавис Алексей Навалний ва ситораи телевизион Ксения Собчакро дар иртикоби эътирози рӯзи 6 май, ки ба даргириҳо бо пулис печид, ба бозпурсӣ даъват кардаанд. Собчак ва Яшин дар пайи амалиёти дирӯзаи пулис ба манзилҳои онон бозпурсӣ шуда, Удалтсов эълон кард, ки даъват ба бозпурсиро ба хотири ширкат дар эътирози имрӯза сарфи назар мекунад. Мақомот иддао доранд, ки дирӯз аз манзили Собчак асъори хориҷӣ ба маблағи беш аз 1 миллион евроро мусодира кардаанд.

Собчак гуфтааст, солона "2 миллион" даромад дорад ва метавонад, ними онро дар хонааш нигаҳдорӣ кунад, зеро ба бонкҳои Русия бовар намекунад.

Сарони мухолифони Русия дар Кумитаи тафтишот
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00
Линки мустақим

---
XS
SM
MD
LG