Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони мухолифини Русияро бозпурсӣ карданд


Собчак ва Яшин ҳангоми вуруд ба Кумитаи тафтишот
Собчак ва Яшин ҳангоми вуруд ба Кумитаи тафтишот
Имрӯз, дар пешорӯи “Марши миллионҳо”-и мухолифини сиёсии Русия алайҳи идомаи ҳукумати Владимир Путин ва даъват ба интихоботи одилона, бархе раҳбарони мухолифинро бозпурсӣ карданд. Иля Яшин, раҳбари Ҷабҳаи чап Сергей Удалтсов, блогнавис Алексей Навалний ва ситораи телевизион Ксения Собчакро дар иртикоби эътирози рӯзи 6 май, ки ба даргириҳо бо пулис печид, ба бозпурсӣ даъват кардаанд. Собчак ва Яшин дар пайи амалиёти дирӯзаи пулис ба манзилҳои онон бозпурсӣ шуда, Удалтсов эълон кард, ки даъват ба бозпурсиро ба хотири ширкат дар эътирози имрӯза сарфи назар мекунад. Мақомот иддао доранд, ки дирӯз аз манзили Яшин ва Собчак асъори хориҷӣ ба маблағи беш аз 1 миллион евроро мусодира кардаанд.
XS
SM
MD
LG