Як моҳ пеш ҳафт сокини ноҳияи Ҳамадонӣ хабар доданд, ки мехоҳанд то маросими ҳаҷ пойи пиёда ба Макка расанд. Онҳо бояд 4600 километр роҳро тай ва аз Афғонистону Эрон убур кунанд ва вориди Арабистони Cаудӣ шаванд.
Бидуни пул, бидуни нақлиёт, бидуни харита ва аммо бо дилҳои саршор аз умед ва саршор аз меҳр ба худованд... Бо гузашти як моҳ аз нашри хабари шурӯи сафари ғайримуқаррарӣ зойирони тоҷик умед доранд, ки бо вуҷуди монеъаҳо то моҳи октябр ба Макка мерасанд ва дар маросими ҳаҷ ширкат мекунанд. Раҳбари гурӯҳ Абдулазиз Раҷабов мегӯяд, ки дигар ҳамааш – кори дасти тақдир аст. Як моҳ пеш ӯ дар сӯҳбат бо ҳамкори мо дар минтақаи Кӯлоб гуфта буд, ки ҳама асноди зоийрон таҳияшуда аст ва онҳо ба зудӣ озими Афғонистон мешаванд. Ва аммо маълум шуд, ки ин кори осон нест. Дар марз бо Афғонистон онҳоро сарҳадбонҳои тоҷик нигаҳ дштанд. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, зойирон раводиди Афғонистону Эронро бо худ доштанд ва мехостанд, ки раводиди Арабистони Cаудиро дар сафорати он кишвар дар Теҳрон дарёфт намоянд. Ва аммо марзбонҳо машварат доданд, ки бидуни раводиди Арабистони Cаудӣ қаламрави Тоҷикистонро тарк накунанд.
Ба гуфтаи Абдулазиз Раҷабов, як узви гурӯҳ барои гирифтани раводиди Арабистони Cаудӣ ба Душанбе баргашт, дигарҳо бошанд дар ин муддат ба тамошои марқаду зиёратгоҳҳо ва масҷиду чойхонаҳои қадимаи манотиқи ҷанубии Тоҷикистон пардохтанд. Дар деҳу деҳкадаҳо мардум ба зоирон таому ҷойи хоб пешниҳод мекарданд. Аввали ин ҳафта бо аъзои гурӯҳ дар ҳоле дар тамос шудем, ки онҳо дар сӯри арӯсии як шахси ношинос ҳузур доштанд. Субҳи дигар дар посух ба суоли мо дар бораи он ки оё зойирон имкони панҷ вақт намоз хонданро доранд, Абдулазиз Раҷабов посух дод, ки мутаассифона, ба ин на ҳамеша муваффақ мешаванд, вале ба ҳар сурат талош мекунанд, ки намозҳояшонро дар вақташ адо кунанд.
Хабари “бо дасти холӣ” аз сафорати Арабистони Cаудӣ дар Душанбе баргаштани узви гурӯҳ зоиронро каме афсурда кард. Аммо дар ҳоле, ки аллакай як бахш аз маблағи худро дар дохили кишвар сарф карда буданд, онҳо тасмим гирифтанд, ки машварати марзбонҳоро сарфи назар кунанд ва бидуни раводиди саудӣ вориди қаламрави Афғонистон шаванд. Абдулазиз Раҷабов мегӯяд, ки “ҳозир ҳар кадомамон тақрибан 150-долларӣ дорем. Агар пул даркор шавад, дар роҳ ягон корро иҷро мекунем, метавонем як рӯз-ним рӯз мардикорӣ кунем, баъдан сафарамонро давом медиҳeм”
Ӯ меафзояд, ки баъд аз убур аз қаламрави Афғонистон барои дарёфти раводиди Арабистони Саудӣ дар сафорати ин кишвар дар Теҳрон талош хоҳанд кард. Айни ҳол зойирони тоҷик дар қаламрави Афғонистон қарор доранд. Бори охир вақте бо онҳо дар тамос шудем, зойирон дар як чойхонаи шаҳри марзии Шерхон Бандар таом мехӯрданд ва намедонистанд, ки дафъаи дигар дар куҷо ва бо киҳо сари як дастархон менишинад.