Хонум Гулова муассисаи умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистонро дар марги шавҳараш айбдор карда, 655 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ талаб намудааст. Аммо ҷавобгар ба ин шикоят мувофиқ нест ва мегӯяд, маблағро бояд шахсоне пардозанд, ки дар марги Бачаҷонов даст доштаанд. Хонум Гулова ин посухро рад кард. Вакили ӯ Абдураҳмон Шарифов, мегӯяд:
«Зерҳимояти ман ин мавқеъро қабул надорад ва мегӯяд,чун ин шахсон ба ҳангоми иҷрои вазифа дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба ҳалокат раоснида шудааст, пас ҷубронпулӣ бояд аз буҷаи давлат пардохт шавад.»
Талаби чунин сармояро ҷаноби Шарифов, ба осеби равонӣ ва маҳрум шудани оила аз саробони хонавода бастагӣ медиҳад. Ҳаҷми осеб ба Савриниссо Гулова ва фарзандони нобилиғаш бар пояи ташхиси равоншиноси байналмилалӣ муқаррар шудааст.
Дар ҳамин ҳол, масъулони муассисаи умури зиндонҳои Вазорати адлия то муайян шудани ҳалномаи додгоҳӣ аз додани назар дар мавриди ин баҳс худдорӣ карданд.
Аммо ҷаноби Шарифов мегӯяд, ин аввалин бор аст, ки яке аз пайвандони нафаре, ки дар пайи шиканҷа ҳалок шудааст, аз як ниҳоди давлатӣ талаби ҷубронпулӣ мекунад. Ва умедвор аст, ки додгоҳ ба манфиати зерҳимояташ ҳалнома содир хоҳад кард. Чун баъд аз марги шавҳар тарбия ва нигоҳубини се тифли ноболиғ ба дӯши Савриниссо Гулова афтодааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Савриниссо Гулова, ки 29 сол дорад ва мегӯяд,барои табобат ва нигоҳубинии фарзандони хурдсолаш ба ин маблағ ниёз дорад. Вай гуфт, баробари фавти ҳамсар пайвандони шавҳараш ӯро аз хона берун кардаанд ва ӯ ҳоло бо волидайнаш ба сар мебарад.
Савриниссо афзуд, «ман дар шароити ногувор зиндагӣ мекунам. Се фарзанди хурдсоле дорам,аз ӯҳдаи таъмини онҳо намебароям ва чун иҷоранишин зиндагӣ мекунам. Писари калониям имсол синфи якро хатм кард ва духтарам бояд акнун ба мактаб равад. Бовар кунед, манн ҳатто барои писарам пойафзол харидорӣ карда наметавонам. Писарам дар зимистони имсола, дар як метр барф бо туфли ба мактаб рафт. Ман намедонам зиндагиямро чӣ гунна гузаронам.»
Савриниссо гуфт феълан барои се фарзандаш аз сӯи давалат 240 сомонӣ нафақа мегирад ва бо ин маблағи ночиз ҳаёти баъдии худро тасаввур карда наметавонад.
Вай афзуд, «то он замоне,ки шавҳарам дар қайди ҳаёт ва дар зиндон буд пайвандонаш каму беш кӯмакам мекарданд,вале баъд аз маргаш гуфтанд, дигар худат аз пайи зиндагият шав. Охир ман кӯдаки дусолаи ширхора дорам чӣ гуна ман метавонам ин кӯдакони хурдсоламро партофта аз пайи корҷӯи шавам.»
Зимнан, ин баҳси додгоҳии ҳамсари қурбонии шиканҷа бо муасисаи умури зиндонҳои Вазорати адлия мавриди таваҷҷӯҳи Маркази ҳифзи ҳуқуқи башар, як созмони ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.
Абдураҳмон Шарифов, вакили дифоъи хонум Гулова таъкид кард, ки дар сурати мусбат ҳал нашудани баҳс муштарии ӯ ба ниҳодҳои байналмиллалӣ муроҷиат хоҳад кард, «агар дар дохили Тоҷикистон ва бо механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи башар дар кишвар ин масъала ҳалли худро ба фойида хонум Гулова пайдо накунад, мо ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи башар муроҷиат хоҳем кард.»
Исмоил Бачаҷонови 32 сола, дар зиндони низомаш шадид, бо гуноҳи даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир адои ҳукм мекард. Вай соли гузашта ба ҳангоми дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доштанаш аз ҷониби кормандони он латукӯб гардида, дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат мерасад.
Дар робита ба қазияи мазкур, додгоҳ ду корманди боздоштгоҳи муваққатиро барои истифодаи шиканҷа ба 8 соли зиндон маҳкум кард.